Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
بی عظم دروست و سعی کامل،
کسرا نشود مراد حاسیل.
سعدی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

پیکرة لایق شیر علی
1941 - 2000


Шеъри рӯз

ДЕҲҚОНИ ХОКПОШ

Ба омоче, ки мероси худоист,
Замини бандагиро карда шудгор,
Гузашт ӯ сарҳади бечорагиро,
Ба бахту бо замин шуд ҷовидон ёр.

Зи даст омочро ҳаргиз наяфканд,
Ба дил гуфти ҳакимон хонда-хонда:
“Худо испор дода баҳри Одам,
Ба Ҳавво чарху дук мерос монда”.

Падар хонд ӯ фалакро, осмонро,
Заминро модару овард имон.
Ба рӯзи тангдастӣ хокро кофт,
Ба испоре, ки монда аз ниёкон.

Ба танҳоӣ заминро дӯст бигрифт,
Замин пушту паноҳаш буду ёраш.
Замин ҳам ибтидо, ҳам интиҳояш,
Замин дору надори рӯзгораш.

Замин бардошт, чун афтод аз по,
Аз ин пастӣ ба гардун сар барафрохт.
Сару рӯи заминро сила бинмуд,
Замин ӯро чунин бообрӯ сохт.

Наҷуст ӯ давлати ҷовид асло,
Фақат нони ҳалоли хешро кофт.
Ба ору нанг мардӣ карду танҳо
Ба зикри хок умри ҷовидон ёфт.

Ба сӯи хок умре бингарад ӯ,
Ҷавонӣ ҷӯяду фардои рахшон.
Ҳамеша ӯ заминро меканад, лек
Наканда чоҳ баҳри ҳеҷ инсон.

Ба мисли қурси хуршед аст хирман,
Ба гирдаш чарх гардад ӯ заминвор.
Ту гӯӣ тири умри ӯ ҳамин аст,
Ту гӯӣ меҳвари дунёст хирвор.

Ба фасли ҷуфтронӣ ҳам чу омоч,
Ба ҳангоми дарав монанди дос аст.
Ба мисли хок пурбардору пурсабр,
Ба мисли хок умре беқиёс аст.

Зи шоир баъди ӯ монад муҳаббат,
Китоби ростӣ, панду насиҳат.
Зи деҳқон тухми гандум монаду нон,
Бимонад хони пур аз нозу неъмат.

Ҳамон омоч аз ӯ ёдгорист,
Пас аз деҳқон бурун аз хок монад,
Нависад лавҳаҳои сабз дар хок,
Ба ёди хок деҳқонро расонад.

Дар он соат, ки ҳайкалҳои барқад
Хамӯшу безабону пурсукутанд.
Кашад омоч хатти рост дар хок, –
Давоми умри деҳқони шарафманд.

7.06.1966 – Новороссийск

 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵