Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 


1941 - 2000


Шеъри рӯз

БОНГИ ОЖИР

(Бар асари рӯйдодҳои Чили)

Эй шумо бозичаҳои симу зар,
Эй ҳавасбозони савдои худӣ,
Бо чӣ миқдоре зи дунёи ҳама
То кунун ҷӯед дунёи худӣ!?

Эй гунаҳкорони дӯзахошён,
Одамизод аз шумо безор шуд.
Дошт вақте қадр агар тиру камон,
Пеши тадбири бузургон хор шуд.

То ба кай, эй кӯрботинҳои данг,
Гар надорад тоби савте гӯшатон,
Гар надорад тоби оҳанги малеҳ
Завқи кӯру гӯши карри ҳушатон,

Аҳли санъатро ба куштор оваред,
Панҷаи марди гиториро буред?!
Эй шумо нохондагони бенишон,
Интиқоми номусовӣ ёфтед:
Кушта натвонед санъатро агар,
Соҳибашро мекушед.
Рӯҳро осон чу натвонед кушт,
Қолибашро мекушед.
Шеърро осон чу натвонед кушт,
Шоирашро мекушед...
Эй шумо ноогаҳони фикру ҳис,
Ҳеҷ шоир, ҳеҷ бихрад, ҳеҷ санъаткори даҳр
Ҳеҷ н-омухтаст дарси зиштию номардумӣ.
Баски ӯ тоҷи закову фитрат аст,
Хоҳад ӯ то бо ғами кулли ҷаҳон ҳамғам шавед,
Аз дадӣ парҳез созеду чу ӯ одам шавед...
Қаҳ! Қаҳ! Эй навбарбарон!
Охир онон, ки шумо куштед бо тиру камон
Пештар аз маргашон
Ваҳ чи миқдоре шуморо куштаанд...
Бо навои дурпарвози гитор,
Бо силоҳи шеърҳои заҳрдор,
Бо синони ақлу бо теғи забон,
Бо суханҳои бад аз гурзи гарон
Бас шуморо бемуросо куштаанд...
Гар зи оташбозии ҷаҳди шумо
Хонаю девони Пабло даргирифт,
Пештар з-ин сӯхтор
Сӯхт бунёди шуморо шеваи тасхири ӯ –
Шеъри ӯ – он оташи эҳсоси оламгири ӯ,
Ин замон дар назъи ҷон
Қолаби беҷонатон
Меситонад гӯӣ з-онҳо интиқом.
Бозии марг аст бозии шумо,
В-ин ҳама беҳудатозии шумо.
Қаҳ! Қаҳ! Эй бас зиндагони мурдаед,
Пештар аз зодрӯзи наҳсатон
Гӯратон омода буд,
То напиндоред он, к-ӯ таъми озодӣ чашид,
Он қадар осонгузору сода буд...

[1973]

 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj