Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Она косы смоляные расплела, пугая ночь,
Лик снял ее при этом и бежала в страхе ночь.
Ибн Сино
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Шеъри рӯз

ЧАШМИ ДЕҲҚОН

Ҳар саҳар деҳқон чу бархезад зи хоб,
Як назар созад ба рӯи осмон.
Як назар созад ба даргоҳи тулӯъ –
Бар тулӯи офтоби ховарон.

Пас назар созад ба ҳоли киштаҳо
То чӣ мегӯянд аз ҳоли замин.
Пас назар созад ба ранги абрҳо
То чӣ мегӯянд аз фоли замин.

Ҳамчу феъли одамон бишносад ӯ
Ҷумла пастию баландии замин.
Чун кафи дастони худ донад дуруст
Хислати заҳматписандии замин.

Мешиносад ӯ зи вазъи абрҳо
Бозии чашми фалакро.
Мешиносад ӯ зи бӯи бодҳо
Меҳр ё хашми фалакро.

Беҳтар аз милён ҳавосанҷи замон
Бӯ барад аз барфу борон.
Бинад аз ранги шафақ андар уфуқ
То чӣ ояд з-осмон.

Рӯзу шаб дар киштзорон гарми кор
Кишт ҷои тоати ӯст.
Рӯзҳои офтобӣ то ғуруб
Сояи ӯ соати ӯст.

Гар кулангон паст аз болои сар
Болафшон бигзаранд.
Сол арзонӣ, фаровонӣ шавад,
Киштаҳо бор оваранд.

Гар кулангон бол бикшода баланд
Бигзаранд аз осмон,
Пеш меояд қаҳтсоливу гаронӣ,
Бештар бар деҳқон.


Инчунин гоҳ аз замин, гоҳ аз само
Фоли ҳосил ҷӯяд ӯ.
Инчунин гоҳ аз худу гоҳ аз худо
Роҳати дил ҷӯяд ӯ.

Инчунин як гӯш сӯи бодҳо,
Инчунин як гӯш бар сӯи замин,
Инчунин як чашм сӯи осмон,
Инчунин як чашм бар рӯи замин –

Алғараз, байни замину осмон
Чун миёнҷӣ истода деҳқон
Кишт ронад,
Дона пошад бо азоб
Баҳри фирӯзии даврон,
Баҳри хушрӯзии инсон!

[1980]

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj