Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
بی عظم دروست و سعی کامل،
کسرا نشود مراد حاسیل.
سعدی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

پیکرة لایق شیر علی
1941 - 2000


Шеъри рӯз

ҚАСИДАИ 1.000.000

Замини тоҷикон дар арзи милён сол милёнро намедонист,
Зи бас ин гуна давронро намедонист.
Замини оҷизи мо хуфта буд, зеро
Чунин бедорхобиҳои деҳқонро намедонист.
Замин модар буду буданд кӯтаҳдаст фарзандон,
Зи бас эъҷози дасти комунистонро намедонист.

Замини тоҷикон то ин замон ҳам буд,
Валекин киштаи андӯҳу ғам буд.
Ҳазор иқтоъдору моликон буданд,
Вале кай баҳри нафъи тоҷикон буданд.
Барои мушти хоке
Эй басо мушту гиребон мешуданд онон.
Барои як каф обе
Обрӯи ҳамдигар мерехтанд осон.
Замини тоҷикон то ин замон ҳам буд,
Ҳам беҳадду поён буд.
Вале омоҷгоҳи наъли аспони адувон буд.
Ва ҳам аз ихтилофи шоҳу мирон
Пора-пора мисли испон буд.

Вале имрӯз шукри бахт,
Шукри Инқилоби толеу қисмат,
Ки аз он пораҳо як порае саҳни ҷаҳони мост.
Ки дар он пахта мекорем...
На, на! Бахт мекорем!
Ки дар он сӯки гандум дашнаи сӯзон,
Ба қалби душманони мост!
Ки дар он хирмани пахта
Сафеду пурҷилову саркашида ҷониби гардун
Ба ранги зиндагонии ҷавони мост.

“Замини тоҷикон кам” – гоҳ мегӯянд камбинон...
Замини тоҷикон кам нест, то тоҷик ҳасту Тоҷикистон аст.
Замини тоҷикон кам нест, то бисёр дорад дӯст,
Замини тоҷикон кам нест, то бахташ фаровон аст...
Агар бисёр бошад ҳиммати деҳқон, замин кам нест!
Агар бисёр бошад қудрати мардон, замин кам нест!
Агар бисёр бошад фикрати раҳбар, замин кам нест!
Агар бисёр бошад фитрати раҳбар, замин кам нест!


Замини мурдаи моро даҳои зинда номӣ кард,
Саросар қобил аст имрӯз.
Ба ҳукми мардуми соҳибдил аст имрӯз.
Ба ҳукми сарварони хокпарварда,
Ба ҳукми хокиёни оқил аст имрӯз.

Кунун
Зи милён қатраи хуни ҷигар милён ба даст омад.
Зи милён зарраи нури басар милён ба даст омад.
Зи милён риштаи ҷон
Хирмани милён ба ҳам пайваст.
Зи милён қавлу паймон,
Зи милён дасти мардони ҳунар милён ба даст омад.
Зи милён обила, милён хароши даст,
Зи милён кӯшишу ҷаҳду талоши даст.
Зи милён қатраи оби ҷабин,
Зи милён қомати хам бар замин,
Зи милён чини пешонӣ,
Зи милён субҳу шоми барфу боронӣ,
Зи милён хоби нороҳат,
Зи милён соати ҷонкоҳию тоқат
Чӣ мегӯед, ин милён ба ҳам омад!
Чи пурҳашмат рақам омад!

Агар фарзанди деҳқонам,
Намедонам дар ин соат
Чи сон деҳқони тоҷикро сано хонам,
Ки ин пахта сафедӣ аз дили ӯ вом бигрифтаст,
Ки пахта пахта не,
Уммеди мо,
Рӯзи саиди мост.
Навиди мо,
Гули бахти сафеди мост!

Маро маъзур медоред, эй воломақомони замони ман,
Сари деҳқон агарчи хам шавад ҳар дам ба сӯи хок,
Саре болотар аз аҳли замона чун сари ӯ нест.
Чу дар ҳар ҷӯяи пахта
Бихонам мисраи шеъри сафеди ранҷи деҳқонро,
Бигӯям шоир аст алҳақ,
Зи мо шоиртар аст алҳақ,
Агар сад дафтаре дорем, беҳ аз дафтари ӯ нест!
Касе, ки мисли деҳқон
Баҳри мардум хок мебӯсад,
Кафи пои варо афлок мебӯсад!

Ва ман ҳам мисли як фарзанди деҳқон,
Чу як фарзанди бономуси обу хоку санги Тоҷикистон
Кафи дасти варо мебӯсаму табрик мегӯям.
Муборакбод мегӯям зи ҷон Бобои Деҳқонро,
Муборакбод мегӯям Замини Тоҷикистонро –
Муборакбод мегӯям замини сабзи Хатлонро,
Хуҷанди бостонирову ҳам Вахши зарафшонро.
Муборак бод милёнат, замини пурбаҳори ман!
Ҳама буду набуди ман, умеди рӯзгори ман!
Барои ҷумла деҳқонони босавганду паймонат,
Барои ҷумлаи мардони майдонат
Муборак бод милён бор милёнат
Зи номи шоират – фарзанди деҳқонат!

[1981]

 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵