Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
هر، که ناموخت از گزشت روزگار،
نیز ناموزد ز هیچ اموزگار.
رودکی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

پیکرة لایق شیر علی
1941 - 2000


Шеъри рӯз

ДУОИ БОРОН

Хушксолӣ пеш ояд ҳар замоне,
Синаи гардун бихушкад ҳар баҳоре,
Ҷои абру ҷои боронҳои найсон
Чашми деҳқон мегирист аз интизорӣ:

“Ёраб, сабаби ҳаёти ҳайвон бифирист,
Аз хони карам неъмати алвон бифирист,
Аз баҳри лаби ташнаи тифлони набот
Аз синаи абр шири борон бифирст!”

Дар лаби рӯде ва ё дар гӯшабоме
Ин дуоро чун нидое бар худояш
Бурда мегӯронд агар Бобои деҳқон
Мерасид гӯё ба гардун илтиҷояш.

З-осмон аммо наме нозил намешуд
Киштаҳо фарёд мекарданду зорӣ:
Модари абр! Аз чӣ баҳри мо нагирйӣ?
Эй худои осмон, раҳме надорӣ!

Боз ҳам Бобои деҳқон бо умеде
“Деги дарвешон” ба саҳро мекашонид.
Баҳри ҳар дарвеши боронинтизоре
Чумча-чумча з-он худоӣ мечашонид.

Он худоӣ баҳри дарвешон набуда,
Балки қурбонӣ барои осмон буд.
Он худоӣ бар худои барфу боронҳо,
Ҳам барои майсаҳои хастаҷон буд.

Лек боз аз осмон як нам намерехт,
Пири деҳқон дар ғазаб мешуд аз ин фанд.
Он ягона гови худро дар лаби рӯд
Бурда хун мекард аз баҳри худованд.

Бо умеде: хун биомезад ба дарё,
То фалакҳо баршуда резад чу борон,
Бишканад то ташнагиҳои заминро,
Сабз гардад, сабз монад киштзорон.

Лек боз аз осмон як нам намерехт,
Ҳам худо кар буду ҳам гӯши фалакҳо.
Боз ҳам Бобои деҳқон зора мекард
Аз худову аз фалакҳову малакҳо:

Ёраб! Зи фиреби ту дилам мегирад,
Чашмом ба ҷои абри ту мегиряд.
Як сабза бипажмурад, надорам боке,
Эй чарх! Тараҳҳуме! Замин мемирад!

Лек боз аз осмон як нам намерехт,
Аз сари ҳар воти байни киштзорон
Пири деҳқон мегузашту ашк мерехт
Бар сари ҳар сабзае бар ҷои борон...

[1981]

 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵