Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Ахлоқи Мӯҳсинӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000


Шеъри рӯз

ШЕЪРИ САФЕДИ МӮИ САФЕД

Мебинам мӯсафедони хастаро,
пирони бознишастаро,
аз тарбод,
аз қулинҷ
аз сакта
аз ғалабаи хун камарбаста
ва ё дилшикастаро;
ин кордидагон,
корзордидагон,
рӯзгордидагон,
ин қоматхамидагони сарафрозро,
вазифахурони бениёзро
дар кӯчаю хиёбонҳо
ва меандешам пеши худ,
ки инон –
як по ба лаби гӯр расидагон,
вале гӯркови душманон
на дар осиё,
на зери барфи зимистонҳо,
балки
аз он мӯй сафед кардаанд
то халқи садшикан алорағми душман набинад рӯзи сиёҳ,
то замину замон дар зери осмон набинад рӯзи сиёҳ,
То Ватан –
Ин тулӯъгоҳи офтоби зиндагӣ,
Дар ҳама печутоби зиндагӣ набинад рӯзи сиёҳ.
Ва ин буда орзуяшон
ва ҷавҳари такопӯяшон:
Сафед бошад роҳи фардо мисли мӯяшон...

3.07.1984

 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj