Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 


1941 - 2000


Шеъри рӯз

ҶАВОБ БА НОМАИ ЯК ДУХТАРИ ФУРӮХТАШУДА

Ба ҳоли ту дилам месӯзад аз дур,
Ки дар даврони озодӣ асирӣ.
Ҳама олам паи озодӣ кӯшад,
Ту ҳоло ҳам заифию фақирӣ.

Дар он як гӯшаи дури куҳистон,
Ки ҳар сангаш бихонад шукри даврон.
Асири расми бобоӣ шудӣ ту,
Қалам дар каф, бароят сӯзадам ҷон.

Дилам сӯзад, ки андар кишвари ишқ
Ту на аз ошиқӣ девона гаштӣ.
Намондӣ хориҷ аз ҳадди падар пой,
Фидои ҷаъбаи маҳрона гаштӣ.

Туро бифрӯхтанд арзон ба як ҷав,
Агарчӣ ганҷи дунё як ҷаве нест,
Туро одам бизоданду надидӣ,
Ки эшонро ғами одамшавӣ нест.

Бихондӣ саргузашти комсомолон,
Садоқатмандии он безаволон,
Валекин боз ҳам сархам нишастӣ
Ба ҳукми волидон – “соҳибкамолон”.

Газида нӯги рӯмолат ба дандон,
Нагуфтӣ ҳеҷ ҳарфи шӯру исён.
Ту бар тақдири худ тан додӣ, афсӯс,
Нарафтӣ аз паси маҷрои даврон,

Нашӯридӣ, ба худ печида мондӣ,
Ҳамон як пошикаста, хоҳари ҷон.
Наяфкандӣ ба нерӯи ҷавонӣ,
Ниқоб аз чеҳраи духтарфурӯшон.

Нагуфтӣ, эй падар, парвардӣ бо ноз
Маро бо орзуҳо дар бари худ,
Агар бифрӯшиям имрӯз, баргӯй:
Чӣ хоҳӣ ёфт ҷои духтари худ?

Нагуфтӣ: эй падар эй қиблагоҳам,
Бимирам пеши рӯят, пеши поят,
Касе, ки духтари худро фурӯшад,
Кунад бар меҳани худ ӯ хиёнат.

Нагуфтӣ: эй падар, эй решаи ҷон,
Чу ҳоло духтаратро мефурӯшӣ,
Яқин дорам аз ин арзонфурӯшит,
Ки рӯзе кишваратро мефурӯшӣ.

Нагуфтӣ: эй падар, даврон дигар шуд,
Даме бар ман ба мушти пар биандеш.
“Падар розӣ – худо розӣ” бигӯӣ,
Худо дигар, падар дигар, биандеш!

Арабро бин, ки садҳо сол то ҳол
Шабу рӯзон худоро илтиҷо кард.
Худо гуфт ӯ, худо гуфт ӯ ҳама умр,
Вале Амрику Исроил чиҳо кард?!

Худо гуфт ӯ, худо гуфт ӯ ҳама умр
Намозу рӯзааш суде наовард.
Худо ёрӣ накарду ибрие чанд
Заминашро ба ҳукми худ раво кард.

Нагуфтӣ: эй падар, донӣ ки дунё
Кунун ҷавлонгаҳи озодагон аст.
Бишуд аҳде, ки дилдорӣ гунаҳ буд,
Кунун аҳди дилу дилдодагон аст.

Чӣ гӯям беш аз ин, эй хоҳари ман,
Ҷавоби номаи андӯҳборат.
Агарчанде фурӯшандат, нигаҳ дор
Ту қадри ҳусну шаъну эътиборат.

Чӣ гӯям беш аз ин, эй содагумроҳ,
Ҷавоби қисмати носозгорат?
Ба рағми ин хазонакҳои даврон
Ғанимат дон шукӯҳи навбаҳорат.

Ту аз ман хостӣ имдоду ёрӣ
Ту аввал ёри худ, имдоди худ бош!
Туро озод кард Октябри Аъзам,
Ту акнун соҳиби озоди худ бош!

Ту аз ман хостӣ ёрӣ чу шоир
Чу шоир – “ҳазрати мушкилкушое”.
Чи осон буд посух додани ман
Агар буд номаи ту дилкушое...

Ҷавоби номаи пуризтиробат,
Навиштам изтироби хотири хеш.
Фурӯ рафтам чу андар мушкили ту,
Бидидам сад ҳазорон мушкили хеш.

Гар ин шеърам расад рӯзе ба дастат,
Бидон, ки ман дуогӯи ту ҳастам.
Агар худро раҳо кардӣ зи варта,
Бидон, ки ман саногӯи ту ҳастам.

[1984]

 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj