Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
هر، که ناموخت از گزشت روزگار،
نیز ناموزد ز هیچ اموزگار.
رودکی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

پیکرة لایق شیر علی
1941 - 2000


Шеъри рӯз

РӮИ ОДАМҲО

Субҳи ман аз рӯи шамси Ховарон
Хандарӯ бар рӯи олам медамад.
“Рӯи олам дидан одам дидан аст”,
Субҳи ман аз рӯи одам медамад.

Хуб субҳе, гар бубинам рӯи хуб,
Хубиҳои зиндагӣ ёрам шаванд.
Зишт субҳе, гар бубинам рӯи зишт,
Зиштиҳои зиндагӣ борам шаванд...

* * *
Субҳ бинам орази бишкуфтаро,
Бишкуфад ҳар орзуи рӯзи ман.
Чун бубинам чеҳраи болидаро,
Бор орад ҷустуҷӯи рӯзи ман.

Ғарқ гардам дар сафедиҳои рӯз,
Гар бубинам рӯи чун дафтар сафед.
Бигзарад рӯзам фарози абрҳо
Бе ғубори ғам сафед андар сафед.

Гар бубинам рӯи бедоғу гуноҳ,
Рӯзи ман бедоғу оҳу бигзарад.
Маҳлиқое рӯ ба рӯ ояд сабоҳ,
Рӯзи ман дар чеҳраи ӯ бигзарад.

* * *
Қомати боло бубинам бениёз,
Орзуҳоям ба боло сар кашанд.
Ормонҳои тиҳиоғӯши ман,
Зиндагиро тӯ ба тӯ дар бар кашанд.

Рӯи гармеро бубинам, дар дилам
Гармӣ орад рӯи сарди зиндагӣ.
Нест гӯӣ ҳеҷ фарди яхнафас,
Нест гӯӣ ҳеҷ дарди зиндагӣ.

Рӯи нуронӣ бубинам, хотирам
Бартар аз хуршед нуронӣ шавад.
Гӯиё бо нуриёнам ҳамнишин,
Дар замирам нур арзонӣ шавад.

Рӯи ширине бубинам, хуш насиб,
Рӯзи ман аз талхӣ эмин бигзарад.
Гӯиё ман шоҳи наҳлам комгор,
Рӯзи ман гулчину ширин бигзарад.

Дар Душанбе бинам озоду ҷавон
Бигзаранд аз кӯчаҳо гулчеҳраро,
Чашми ман чинад чу занбӯрони шаҳд
Аз гули рухсораҳо гулшираҳо.

Рӯи гандумгун бубинам, пур шавад,
Синаам аз мавҷи гандумзорҳо.
Дар амон аз ҷавфурӯшони замон
Зиндагӣ орист аз озорҳо.

Ҳусни нотакрор бинам, ҷон диҳам,
Шукр, дорад зиндагӣ такрорҳо.
Ҳусни нотакрор бинам, кошкӣ
Рӯзу шабҳо борҳову борҳо.

* * *
Бингарам бар чеҳраҳои кӯдакон,
Ин ҷаҳон кӯдак намояд дар назар.
Кӯдаке, ки ҳифз бояд карданаш
Меҳри модар, дасти пурзӯри падар.

Тифли хандонрӯйро бинам гаҳе,
Зиндагонӣ бӯи кӯдак мекунад.
Дил даруни сина механдад чу тифл,
Кай ба фардои ҷаҳон шак мекунад?

Талъати модар бубинам сабҳгоҳ,
Зиндагонӣ бӯи модар мекунад.
Аз рухи ӯ метаровад файзи бахт,
Дил ба файзи бахт бовар мекунад.

Гар бубинам модари обастане,
Мениҳад дар раҳ қадамҳои гарон,
Зиндагонӣ гӯиё обастан аст,
Гӯӣ дорад ҳамли фардои гарон...


Доғи рӯи ӯст доғи рӯи маҳ,
Ё бувад дар рӯи ӯ доғи ҷаҳон?
Раҳми фардо мехурад дар раҳми хеш,
То шукуфотар бувад боғи ҷаҳон.

Эй хуш он субҳе, ки бинад чашми ман
Чеҳраи хуршеду тифли содарӯ,
Синаам лабрез гардад аз умед,
Аз умеди ранҷу ганҷи ҷустуҷӯ.

Худ ба худ болам, ки дунё дар ман аст,
Дар ману дар кулли афроди ҷаҳон.
Дар ҳама онон, ки ҳар дам мекунанд
Дар ҷаҳони хеш эҷоди ҷаҳон.

Нафратам ояд ба онон, ки ҳанӯз,
Бо ҷаҳонсозӣ ҷаҳонро мекушанд.
То ҷаҳонсозӣ ҷаҳонбозӣ шудаст,
Бо ҷаҳонбозӣ ҷаҳонро мекушанд.

Ин касон гуё на аз аҳли башар,
Ин касон гӯё на з-ин дунёстанд.
Гар на з-ин дунё, чаро дунёпараст,
Гар на з-ин дунё, чаро бо мостанд?

Модароншон зода ононро, ки бод
Номашон туғрои дивони замон.
Бехабар аз он, ки рӯзе мерасанд
Тифлакон бар ҳайси девони замон...

Иддае гар зодагони модаранд,
Нек бинӣ ҷумларо модарфурӯш.
Аз чунин модарфурӯшон мерасад
Оқибат як лашкари кишварфурӯш.

Иддае то лаб биҷунбонад даме,
Даст афшонад сари ҳар матлабаш.
То насиби хештан орад ба ком,
Баҳри мансаб бигзарад аз мазҳабаш...

Зумрае модарфаромӯшони даҳр
Синаи модар зи бун бибридаанд.
Мемаканд имрӯз хуни одамӣ,
Синаи модар агар маккидаанд.

Рӯи тифлонро нишон бояст дод,
Ҳар саҳар бар оташафрӯзони ҷанг,
То бидида оташи рухсори тифл,
Дарнабидҳанд оташи сӯзони ҷанг...

* * *
Рӯи пурожанги пире бингарам,
Пир бинам ин ҷаҳонро сар ба сар.
Пир ларзон меравад дар роҳҳо,
Ҷуста имдоде зи бозуи писар.

Даствору дастҳои раъшадор,
Дар рухаш ожангҳои зиндагӣ.
Рӯи ӯ хоки сафолакбаста аст
Аз ҳама найрангҳои зиндагӣ.

Ҷумла раҳҳое, ки ӯ тай кардааст,
Дар хутути чеҳрааш пайдо бувад.
Чун харита рӯи ӯ пурхатту чин,
Ин харита нусхаи дунё бувад.

Меравад пири мурод аз роҳҳо,
Давлати пирӣ ба мардум хоста,
То накоҳад зиндагӣ аз зиндагон,
Меравад ӯ хештанро коста.

Ин падарро чун сипар бош, эй писар,
Ин падарро дор мисли худ ҷавон.
Гар надорӣ поси ин Пири мурод,
Ин ҷаҳон бе Пир монад ҷовидон.

Пирҳоро як замон мекуштаанд,
То ниҳанд аз дӯши худ бори гарон...
Алъамон з-озурдани пирони вақт,
Гар ҷавон бе Пир монад, алъамон!

* * *
Оҳ, оҳ, аз зотҳое, ки басо
Аз сафои рӯз маҳрумат кунанд.
Худ ҳама гумгаштагони зиндагӣ,
Сӯи гумномӣ ба раҳ чоҳат кананд.

Субҳ бинам чеҳраи туршидаро,
Рӯзи ман билкул турушрӯ бигзарад.
Пеш ояд чеҳраи пажмурдае,
Дар дили ман зиндагонӣ пажмурад.

Рӯи навмеде бубинам, дарфитам,
Хира андар ноумедиҳои рӯз.
Рӯи наҳсе ё палиде бингарам,
Гум шавам андар палидиҳои рӯз.

Рӯи садрӯе бубинам, бишнавам,
Ногувориҳои бӯи зиндагӣ.
Сӯи бесӯӣ равонанд ин ҳама,
Чун равам з-эшон ба сӯи зиндагӣ?

Чун бубинам одами ношустарӯ,
Оламе ношуста ояд дар назар.
Пурзабола, пуруфунат, пурмагас,
Кӯчаи бунбаста ояд дар назар.

Чун бубинам субҳгоҳе рӯи шум,
Шум тобад рӯи рӯзам то ба шом.
Гар хурам об аз лаби ҷӯи биҳишт
Дар даҳони ман диҳад таъми ҳаром.

Чашмҳое тоси хун бинам сабоҳ,
Чашми рӯзам пур шавад аз ранги хун.
Гӯӣ дорад бӯи хуну бӯи наҳс,
Зиндагӣ дар зери чархи обгун.

Арзабозе рӯи роҳ ояд яке,
Ларзаҳо афтад маро дар пою даст.
Одамизода куҷо хонӣ варо,
Балки асли ӯ шикоятзода аст.

Ин мабодо, ки бубинам пеши рӯ
Чашмҳои ғурраи номардро.
Чашми ӯ аз хона берун меҷаҳад,
То хурад ҳар ганҷи бодовардро...

Ин мабодо, ки бубинам рӯи раҳ,
Одами норозию паршохҷӯ –
Аз гиребонам бигирад, ки “бидеҳ!”
Аз гулӯям сахт дорад, ки “бигӯ!”

Рӯзҳо дар шаҳри пур аз ранги рӯ,
Гар набинам рӯи фавқулоддае –
Рӯи бебоке, ғаюре, осие,
Чеҳраи яздоние, озодае,

Боз тан бидҳам ба он расми қадим:
Аблаҳон фарзонаҳоро мекушанд,
То набошад шодмон дарёдиле,
Кулли дарёхонаҳоро мекушанд.

Куштани афсона гар имкон надошт,
Соҳиби афсонаҳоро мекушанд,
То ки худ бошанд яктои ҷаҳон,
Як ба як якдонаҳоро мекушанд...

Ваҳ, чӣ рӯҳоянд дар рӯи ҷаҳон,
Ваҳ, чӣ рӯҳоянд дар рӯи замин.
Мераванд аз рӯи он дар зери он,
Нангариста як назар сӯи замин.

Рӯйҳои одамӣ... Ду рӯ, вале
Он ду рӯ орад ду оламро шикаст.
Ҳар ки хоҳад байни кулли рӯйҳо
Рӯи олам рӯи ӯ бошад, бас аст...

Рӯе хонад хештанро покрӯ,
Рӯе хонад хештанро бегуноҳ.
Рӯи поке – рӯи олам софу пок
Рӯи шуме – рӯи олам бин сиёҳ.

Аз сияҳрӯе сияҳрӯ мешавад,
Аз табаҳкоре шавад дунё табоҳ.
Аз “сафедангории” як тобариш
Мешавад шаҳри дурахшон рӯсиёҳ.

Давлату савлат набошад ҳамҷавор,
Фитрату сарват набошад ҳамрадиф.
Рӯи фитрат кард кайҳонро мунир,
Рӯи сарват кард кайҳонро касиф...

Эй, ки бо сад дуду боду дӯғу данг
Мекунӣ олуда бӯи зиндагӣ,
Гар ту рӯи одамӣ дорӣ, биҷӯ
Покрӯӣ рӯ ба рӯи зиндагӣ!

Эй, ки шӯхӣ мекунӣ бо одамӣ,
Гар надорӣ бо ҷаҳон дилбастагӣ,
Гӯямат такрор: н-орад ҳеҷ суд
Ҷангҳои ҳаставӣ ҷуз хастагӣ.

Эй, ки бозӣ мекунӣ бо осмон,
Осмон кай хонаи моми ту аст?
Осмонҷангат кунад яксони хок,
Ҷанги анҷум ҷанги анҷоми ту аст!

* * *
Эй басо дидам, ки дар рӯи ҷаҳон,
Рӯйҳое, ки ба рӯшон рӯй нест.
Рӯи ҷисмонист беимону рӯҳ,
Дилнишину дилкашу дилҷӯй нест.

Пӯст ҳасту чину ожанги зиёд,
Нуре аз даргоҳи раббониш нест:
Рӯи ӯ аз дил нагирад ҳеҷ ранг,
Рӯи ҳайвонист, инсониш нест.

Ин ҳама саҳл аст, аммо пеши худ
Мушкиле дорам, ки пурсонаш кунам.
Шоядо аз рӯшиносони ҷаҳон
Арзи худ пурсида осонаш кунам:

Аз чӣ рӯ одам надорад ҳеҷ рӯ,
Бо ду рӯи хештан садрӯ бувад.
Хубрӯ меофарад модар варо,
Аз чӣ рӯ дар интиҳо бадрӯ бувад?

Ё аз он, ки зиндагӣ садрӯя аст,
Одами якрӯ дар ӯ бегона аст?
Ё аз он ки рӯ надорад зиндагӣ,
Орзуи рӯи ӯ афсона аст?

Ё аз он, ки одамӣ дар рӯи хок
Қадри худро дид чун хоки сияҳ?
Ё аз он, ки чашми моҳу офтоб
Ҷуст дар рӯяш фақат чурму гунаҳ?

Аз чӣ рӯ ман дар ду рӯи одамӣ,
Рӯи одамро намебинам гаҳе.
Ҳар қадар дар рӯи ӯ созам назар,
Он қадар уфтам ба аъмоқи чаҳе?

Рӯ ба рӯи офтобу моҳтоб,
Ҷинси хокӣ, чист ҷангу моҷаро?
Зиста дар рӯи дунёву замин,
Рӯ надорӣ, одамизода, чаро?

Гар чунин дунё туро дархур набуд,
Пас гуноҳи кист, чун худ сохтӣ?
Аз бало худро раҳондан хоста,
Хешро андар бало андохтӣ?

* * *
Субҳи ман аз субҳи рӯи одам аст,
Шоми ман аз тирагии рӯи ӯст.
Бо ҳама нуқсу камоли зоти хеш
Умри ман аз сӯи ӯ бар сӯи ӯст.

Рангу бӯи одами хокиниҳод
Буда асли рангу бӯи зиндагӣ.
Зиндагӣ рӯе надорад худ ба худ,
Рӯи одамҳост рӯи зиндагӣ...

[1988]

 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵