Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Она косы смоляные расплела, пугая ночь,
Лик снял ее при этом и бежала в страхе ночь.
Ибн Сино
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Шеъри рӯз

ЗАМИНИ ЭЪТИҚОД

Яке дар кишвари арман замин ларзид.
Яке дар кишвари армон замин ларзид.

Замин ларзид.
Ҷони соҳибони хешро балъид.
Хуни бониёни хешро нӯшид,
Ту гуфтӣ модари бераҳму шафқат
Кӯдакони бегуноҳи хештанро кушт
Ва ё пушту паноҳи хештанро кушт.

Замин ларзид,
Ҳар ларза ба сони коми аждарҳо
Рабуд атфолро з-оғӯши модарҳо,
Ва модарҳо сари пистон ба коми тифлакон мурданд,
Ҳама андар макони хеш ногаҳ ломакон мурданд.

Ба зери Найири аъзам,
Ки нураш буда ҷонбахшои фарзандони одам,
Найир – имрӯз гӯристон,
Ва шористон – мазористон...

Заминларза
Фиканда бар вуҷуди одамин ларза
Ҳама офоқро гӯӣ зи ғофилмарг огаҳ кард.
Таноби дӯстӣ густарду муҳкам баст.
Таноби душманиро зуд кӯтаҳ кард.

Замин ларзид.
Гар аз ҳар зилзила як силсила бигсаста хоҳад шуд,
Гар аз ҳар зилзила як қофила бишкаста хоҳад шуд,
Табори одамӣ аз ин гусастанҳо, шикастанҳо
Фузунтар ҳамдилу ҳамбаста хоҳад шуд.

Замин ларзид, фардо боз меларзад.
Валекин бо ҳама андӯҳи сангин
Ба дил гӯям: замин ларзид, аммо кош, сад кош
Замини эътимоди мо наларзад,
Замин эътиқоди мо наларзид...

Замини одамият аз барои одамӣ бошад,
Ҳамоҳангии ҷонҳо, ҳамдилию ҳамдамӣ бошад!

[1988]

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj