Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Шеъри рӯз

АЛОРАҒМИ МАҲАЛГАРОЁН

Агар аз Балх ё аз Қандаҳорем,
Ҳама парвардаи як кӯҳсорем.
Дар ин дарёи нопайдоканора
Ба як киштии тӯфонӣ саворем.
Толиби Қандаҳорӣ

I
Гоҳ-гоҳе маҳалгароёне
“Аз куҷоӣ?” – суол меоранд.
Бо суоли маҳалгароишон
Баҳри миллат завол меоранд.

Ҳунарат чист? Эътиношон нест,
Оҳ, оҳ аз чунин маҳалбозон!
Самарат чист? Кас намепурсад
Дод, дод аз чунин дағалбозон!

Эҳтиёҷаш ба сангдилҳо нест
Миллати сангиродаи моро.
Эҳтиёҷаш ба сангҷонҳоест
Миллати сангзодаи моро.

Ҷои обод нест дар миллат
“Аз куҷоӣ?” – суоли вайронист!
“Аз куҷоӣ?” – касе, ки мепурсад
Бори миллат ба дӯш вайро нест!

Хоби шабҳои ман ҳаром шуда,
То ки миллат ҳалолтар бошад.
Мепазирем заволи ҷони хеш,
Миллатам безаволтар бошад.

“Аз куҷоӣ?” – суоли миллаткуш,
Аз чӣ дардӣ, туро чӣ ойин аст?
Баҳри миллат ҷу сарсупурдаи ӯ
То куҷо меравӣ? Суол ин аст!

II
Фарқ набвад аз ҷанубӣ ё шимол,
Фарқ бошад ту ҳаромӣ ё ҳалол.

Фарқ набвад аз шимолӣ ё ҷануб,
Фарқ он бошад, ки зиштӣ ё ки хуб.

Миллати мо миллати яклахт нест,
З-ин сабаб хушдавлату хушбахт нест.

То ғамони хешро ғамхора нест,
Миллати мо миллати якпора нест.

Як забону сад забонча дорад ӯ,
Сайд бар сайёди худ биспорад ӯ.

Хешро нашнохта бегонадӯст,
Аз ҳақиқат ғофилу афсонадӯст.

Шаҳманиш будан барояш каҳкашист,
Хештаннашносии ӯ худкушист.

Пеш рафтанҳош вопас рафтан аст,
Аз паи як зумра нокас рафтан аст.

Миллат аз якшохагӣ шохаш шикаст,
Сар ба боло карду андар гум нишаст.

Гар ту дорӣ доғу дарди тоҷикӣ.
Ростиро, марди марди тоҷикӣ.

Гар дили моро бихонӣ, тоҷикӣ,
Гавҳари моро бидонӣ, тоҷикӣ.

Фарқ набвад аз куҷоӣ, эй ҳабиб,
Гар ту моӣ, гар ту моӣ, эй ҳабиб.

Берун аз ҳар қайду бастӣ, зинда бош!
Мисли мо миллатпарастӣ, зинда бош!

майи 1990

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj