Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Ты украшаешь мир, ты - солнце и луна,
А в солнце лишь краса твоя отражена!
Виденье дивных уст в душе не утаить -
Оно и в блестках брызг искристого вина.
Надира
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Шеъри рӯз

БАҲОНА ЧИСТ? НОМИ ХАЛҚ!

Замона бенизом шуд, баҳона чист? Номи халқ!
Ҳалолҳо ҳаром шуд, баҳона чист? Номи халқ!
Хазинаҳо тамом шуд, баҳона чист? Номи халқ!
Ватан ба коми вом шуд, баҳона чист? Номи халқ!

Чи шонаҳо, чи фонаҳо , чи домҳо, чи донаҳо,
Ки пур шуд аз ҷанозаҳо ҳамин на як сағонаҳо,
Ки бӯи мурда бишнавӣ зи ҳавзу рӯдхонаҳо.
Қиёми издиҳом шуд, баҳона чист? Номи халқ!

Худо бигирад инчунин замони безаминаро,
Ки дар замини синаҳо бикошт тухми кинаро,
Ки аз раҳи нифоқ зад ба санг обгинаро.
Тулӯъи рӯз шом шуд, баҳона чист? Номи халқ!

На хонаҳои мардумон, на хонаи дилест гарм,
Намекунанд ҳорисон зи ҳоли зори халқ шарм.
Бисоти халқ холӣ шуд ба сони хонаҳои Ғарм.
Сабӯс ҳам таом шуд, баҳона чист? Номи халқ!

Гирифтаанд ҳирсҳо ба сӯи охуре камин –
Яке сӯи мағозае, дигар ба сӯи алюмин,
Камон ба даст омада! Магӯ чунону инчунин,
Ки тир мири ом шуд, баҳона чист? Номи халқ!

Яке барои тахт ҷанг, яке барои тахта ҷанг...
Яке паи тамокую яке зи баҳри пахта ҷанг...
Намекунад диловаре барои ақли пухта ҷанг,
Ҳуҷуми ақли хом шуд, баҳона чист? Номи халқ!

Ба ҳаққи кори одамон ҳуқуқ не, маош нест,
Дусола ҳаққи ҷонканӣ барои нону ош нест.
Кӣ гуфт байни сарварон барои ҳақ талош нест?
Қасосу интиқом шуд, баҳона чист? Номи халқ!

Накӯ нигар пари каҳе чӣ сон ба каҳкашон парид?
Накӯ нигар, ки мокиён хурӯсро чӣ сон парид?
Накӯ нигар, ки жавраке чӣ сон ба осмон парид?
Уқоб асири дом шуд, баҳона чист? Номи халқ!

Яке алам фарошта, яке кунад аламкашӣ,
Яке – камаршикастае зи меҳнату ситамкашӣ,
Яке зи бори ин Ватан насибааш – шикамкашӣ...
Ҳамин ҳаёт ном шуд, баҳона чист? Номи халқ!

Забон чӣ гуна густарӣ агар туӣ забонваре?
Паём бар кӣ мебарӣ агар туӣ паямбаре?
Аҷаб мадор дар чунин муҳит ориёфаре
Дубора гар ғулом шуд, баҳона чист? Номи халқ!

Хирад хамӯшу ром шуд, баҳона чист? Номи халқ!
Кушокушӣ маром шуд, баҳона чист? Номи халқ!
Камонкашӣ салом шуд, баҳона чист? Номи халқ!
Хулосаи калом шуд, баҳона чист? Номи халқ!

24.02.1996 –Бемористон

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj