Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Она косы смоляные расплела, пугая ночь,
Лик снял ее при этом и бежала в страхе ночь.
Ибн Сино
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Шеъри рӯз

СОҚИНОМАИ ИМИРӮЗИН

Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки наздик созад раҳи дури мо.
Бидеҳ, соқӣ, он май, ки мун Мо шавем,
Ҳама дар такопӯи фардо шавем.
Зи ҳар ҷо биёему якҷо шавем,
Ҳама қатраҳоему дарё шавем.
Ҳама волаи ҳусни воло шавем,
Зи пастии худкомӣ боло шавем.
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки наздик созад раҳи дури мо!

Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки бино шавад дидаи кӯри мо.
Бидеҳ соғаре, то нишотам диҳад,
Зи марги муаллақ баротам диҳад.
Зи шарри камонҳо наҷотам диҳад,
Ба саҳни чаманҳо бисотам диҳад.
Ба матни замона суботам диҳад,
Ба батни замона ҳаётам диҳад.
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки бино шавад дидаи кӯри мо!

Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки равшан шавад хонаи гӯри мо.
Бидеҳ он сабӯе, ки нирӯ диҳад,
Равонро маконе зи минӯ диҳад.
Ба ҳар оҳамон доди ёҳу диҳад,
Амонмон зи ҳар ҷурму оҳу диҳад.
Ба миллат раҳу рӯи яксӯ диҳад,
Ба бешу ками мо тарозу диҳад.
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки равшан шавад хонаи гӯри мо!

Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки Рустам шавад ҳар яке пури мо.
Бидеҳ косае, то писарҳои мо
Бибошанд ҳар ҷо сипарҳои мо;
Ки тифлони ширу шакарҳои мо
Биболанд пеши назарҳои мо;

Ки пайваста бошад сафарҳои мо
Қадам дар қадам бо зафарҳои мо!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки Рустам шавад ҳар яке пури мо!

Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки равшан шавад шоми дайҷури мо,
Ки хокистари мо шарор оварад,
Ки сарпастии мо манор оварад,
Ки барги хазонмон баҳор оварад,
Ки дуди дадон аз димор оварад,
Ки рӯҳи падарҳо барор оварад,
Ки самти назарҳо ба бор оварад,
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки равшан шавад шоми дайҷури мо!

Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки мирад зи ғам хасми манфури мо.
Бинӯшему донем худхоҳ кист,
Бинӯшему донем худкоҳ кист,
Бинӯшему донем гумроҳ кист,
Ки ҷонкоҳи ин гоҳу даргоҳ кист,
Худогоҳ кисту дилогоҳ кист,
Парешонии мо ба дилхоҳи кист,
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки мирад зи ғам хасми манфури мо!

Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки афзун шавад ганҷи ганҷури мо.
Бидеҳ соғаре, то ки пулдорҳо
Нашинанд боло зи дилдорҳо;
Ки гулчеҳрагонро ба гулзорҳо
Фароҳам шавад файзи дидорҳо;
Ки аз фазли асрори тӯморҳо
Бимиранд андӯҳу тиморҳо.
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки афзун шавад ганҷи ганҷури мо!

Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки камтар шавад ранҷи ранҷури мо.
Ки дар хоки Меҳан миҳан кам кашем,
Мабодо, ки дар чолаҳо нам кашем.
Мабодо, ки дар дил фақат ғам кашем,
Мабодо, ки тобуту мотам кашем.
Магӯ бори сангин дамодам кашем,
Дуо гӯй то ганҷи Ҳотам кашем!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки камтар шавад ранҷи ранҷури мо!

Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки ширин шавад толеъи шӯри мо;
Ки моро зи мо дур кардан хатост,
Ҷудоии мо аз тую ман хатост;
Ки оташ ниҳодан ба хирман хатост,
Ки эмин набудан ба маъман хатост;
Ки беаҳд будан ба Меҳан хатост,
Кашидан зи ҳоҷот гардан хатост!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки ширин шавад толеъи шӯри мо!

Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Алорағми ин даври ноҷӯри мо.
Бидеҳ косаи май, ки виҷдони мо
Бувад решаи аҳду паймони мо;
Ки он душмани хонаву ҷони мо
Насозад ҷудомон зи имони мо;
Ки дар хоки мо, Тоҷикистони мо
Расад навбати давру даврони мо!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Алорағми ин даври ноҷӯри мо!

Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки равшан кунад даҳрро нури мо.
Ки аз Ховаронем, ховар зи мост,
Ки аз доваронем, довар зи мост.
Ки аз сарваронем, сарвар зи мост,
Ки аз меҳтаронем, меҳтар зи мост!
Ки минбархудоем, минбар зи мост,
Ки меҳроваронем, меҳвар зи мост!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки равшан кунад даҳрро нури мо!

Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Биафзо ба бозуи мо зӯри мо.
Ки ман будаму оҳу афсӯси халқ,
Ки ман будаму хасми манҳуси халқ;
Ки ман будаму дӯшу имрӯзи халқ,
Ки ман будаму рози мармузи халқ;
Ки ман будаму рӯзиву рӯзи халқ,
Ки ман будаму рӯҳи пирӯзи халқ!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Биафзо ба бозуи мо зӯри мо!

Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки бинем он рӯзи манзури мо.
Ки ояд яке мушкилосони мо,
Ки орад ба сад дард дармони мо.
Яке ояду гӯяд аз ҷони мо:
Ба ҳам ҷӯш хур, эй Хуросони мо!
Ки дар гардиши ҷому даврони мо
Нигаҳбони мо бод яздони мо!
Бидеҳ, косагул, оби ангури мо,
Ки бинем он рӯзи манзури мо!

10.12.1996 – 19.01.1997

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj