Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000


Шеъри рӯз

ЗАНГӮЛАИ БЕДОРӢ

(Ё ишора ба даъвогарони суст)

Зангӯлаи бедорӣ шуморо огоҳ мекунад:
Чун дарёҳотон дарёи дил нест,
дарё дарёи шумо нест.
Чун дар саҳро тухми ифтихор намекоред,
саҳро саҳрои шумо нест.
Чун дар заминатон заминаи миллат нест,
замин замини шумо нест.
Чун кӯҳатон ганҷи маънавӣ намедиҳад,
кӯҳ кӯҳи шумо нест.
Чун маъданатон бунёди маъман нест,
маъдан маъдани шумо нест.
Чун махзанатон махзани фардо нест,
махзан махзани шумо нест.
Чун пойтахтатон тахти забон надорад,
забон забони шумо нест.
Чун дар осмонатон ахтарбастаед,
осмон осмони шумо нест.
Чун бозоратон қимати шуморо намешиносад,
бозор бозори шумо нест.
Чун маҷлиси дидоратон маҷлиси дидори ниёгон нест,
дидор дидори шумо нест.
Чун масҷидҳоро хароб кардед,
шумо саҷдагоҳ надоред.
Чун осори аҷдодро нақши бар об кардед,
шумо пушту паноҳ надоред.
Чун гӯри Модарро маъбад насохтед,
шумо модарбахатоед.
Чун гӯри Падарро меҳроби имон насохтед,
шумо падарбахатоед.
Чун шумо худро нашинохтед,
шумо касе ҳам нестед.
Дар миёни хирманҳои бедон
хасе ҳам нестед.
Ман рӯ меорам ба зиндаҳое, ки пеш аз мо мурдаанд,
Ва рӯ меорам ба мурдаҳое, ки беш аз мо зиндаанд:
То аз хоби сакта бедор нашавед,
зиндагитон пур аз сакта хоҳад буд.
То аз гӯр нахезед,
зиндагитон пур аз варта хоҳад буд.
Зангӯлаи бедорӣ шуморо огоҳ мекунад,
Аммо шумо ба дасти худ ҳанҷараи онро мефишоред,
Зеро шумо худ ҳанҷара надоред,
Ё доред, аммо ба туғён намеёред.
Зангӯла шуморо зинда доштан мехоҳад,
Аммо шумо забонаки онро мекашед,
онро мекушед,
Зангӯла барои шумо ҷон меканад.
Аммо шумо барои он гӯр меканед.
Ноқусҳо
Ба дифои нангу номусҳо дод мезананд.
Аммо шумо ба куштани ноқусҳо фарёд мезанед.
Дар ин моҷаро қурбон мешаванд ноқусҳо низ,
Номусҳо низ.
Пас,
Эй ноқусдорон, ҷуръате ё кӯшише!
Пас,
Эй ному номусдорон, ҳиммате ё ҷӯшише!

[1997]

 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj