Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 


1941 - 2000


Користони Норак

ҲАМОСАИ ЧАШМУ ЧАРОҒ

Нахустин одаме, к-андар миёни зулматистони
муҳити хеш нуре ҷустуҷӯ мекард,
Ва андар кулбаи тораш чароғе орзу мекард,
Нахустин бор сӯи осмон наззора карду дид
андар сақфи гардун моҳтобу ахтари рахшон,
Ба сақфи кулбаи музлим
Ба тақлиди ситора ё ки маҳ ӯ ҳам чароғе сохт, афрӯзонд.

Нахустин моҳтоби сунъии инсон,
Нахустин ахтари маснӯи тобон,
Нахустин ахтари дар кулбаҳо рахшон – чароғи ӯст.

Сипас дар партави чашму чароғу донишу биниш
Ба мулки нуриён инсони хокӣ роҳҷӯӣ кард.
Шабонгоҳон ба аҷроми самоӣ розгӯӣ кард.

Сипас дар партави чашму чароғ ӯ сохт устурлоб
дар тақлиди чашми худ,
Зи роҳи чашм бар асрори бархе нуриён раҳ бурд.
Сипас,
Дар кулбаҳои равшани худ одамӣ дигар намеғунҷид,
Агарчанде муаммои фалакҳоро намефаҳмид,
Аммо ӯ
Зи гардишҳои чашми хештан медид гардишҳои дунёро,
Ба саргардонию саргаштагиҳо
Ӯ аён медид вақте чарх мегардид сар
Гардиши чархи фалакро,
Гардиши сайёраҳоро.
Сипас аз роҳи нури чашм роҳи нуриёнро ҷуст,
Муаммои замину осмонро ҷуст.
Зи роҳи чашм чашми ахтаронро дид,
Зи рӯи ақл рӯи ин ҷаҳонро дид.

Сипас дар чашми ӯ
Дар донишу дар бинишу дар фитрати паҳновари ӯ
Дар ниҳоди поки исёнпарвари ӯ
Ин ҷаҳон бо ҷумлаи мавҷуду маъдум,
Бо ҳама аҷроми улвӣ,
Бо ҳама аҷноси сифлӣ як ба як ғунҷид...

Тавонӣ гуфт:
Ҳама нуре, ки дар дунёст, нури чашми Инсон аст.
Ҳама роҳи ҷаҳон –
Андар замину осмон
аз роҳи дил,
аз роҳи ақл

аз роҳи чашмон аст! [1971]

 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj