Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Прелесть смоляных, вьющихся кудрей
От багряных роз кажется нежней.
В каждом узелке - тысяча сердец,
В каждом завитке - тысяча скорбей.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Користони Норак

БАЛЛАДАИ ОФТОБИ НОРАК

Зар аз сандуқи кӯҳ омад ба берун,
Раҳо шуд офтоб аз чоҳи Зиндон.
Зи кӯҳи Нор банди Нур во шуд –
Рамузи роҳи нуронии даврон.

Шарарҳо барҷаҳида чун гули санг
Ба анҷум нур доданд аз Пули Санг.
Замоне роҳи шодӣ буд ин пул,
Кунун бар норакиҳо шуд пули нанг.

Агар дунёи Нуристони Норак
Гирифта нусха аз дунёи дилҳо.
Ҳам аз дарёи Вахш ояд ба таҳрик,
Бувад гардон ҳам аз дарёи дилҳо.

Дар ин ҷо садшикан армон шикаста,
Дар ин ҷо кӯҳкан ҷон канда бисёр.
Дар ин ҷо ному нанге коргар буд,
На як ду коҳили беору беёр.

Агар андар луғат Вахш ибтидо буд,
Кунун ӯ мабдаи нур асту эъҷоз.
Агар Лоҳутӣ ӯро ваҳшӣ хондаст,
Кунун ром аст дар анҷому оғоз.

Раҳи нури зи Норак саргирифта
Раҳи нури нигоҳи дурбин аст.
Пули Сангин, к-аз ӯ ҳоло нишон нест,
Гузаргоҳи дили нурофарин аст.

Аз он нури дили аҳли замона
Равон аст аз диёре бар диёре.
Қади сим равшаноие, ки ҷорист,
Сазад бар сад ҳазорон байти ҷорӣ.

Дар ин ҷо коргар чун марди ҷангӣ
Кулаҳ бар сар, камар барбаста бошад.
Чу давронсозу даврондори мутлақ
Тилисми ганҷҳо бишкаста бошад.

Муҳаббат бемуҳабат кай қадам монд
Суи овардгаҳ ҳамчун ҳамовард?
Набаста пеши роҳи Вахшро варғ,
Бубаста синаи чандин Севенард .

Басо ин сарзамини офтобӣ
Ба ҷуз хуршед ҳам хуршед дорад.
Даруни ҳар диле як пора хуршед –
Фурӯзон шуълаи ҷовид дорад.

Басо хуршед дар ҳар резаи санг,
Басо хуршед дар ҳар зарраи хок.
Басо хуршед дар ҳар гавҳари чашм
Басо хуршед дар ҳар чеҳраи пок...

Тамоми нури раббонии дилҳо
Зи Норак сӯи манзилҳо равон аст.
Агар тоҷик вақте нотавон буд,
Кунун чун барқи Норак пуртавон аст.

Зи кулли муъҷизоти рӯи олам
Дар ин ҷо нусхае ҳасту нишоне.
Агар дар ӯ ба чашми дил бубинӣ,
Агар аз ҳар варақ сангаш бихонӣ:

Дар ин ҷо бурҷи Эйфал сар кашида –
Нишони меҳнату меҳру садоқат.
Ниагар аз тунилҳо тунд ҷорист –
Нишони хуни гарми аҳли заҳмат.

Дар ин ҷо маъбади хуршед бинӣ –
Гувоҳи шуълаи дилҳои равшан.
Ҳама аҳромҳои Миср ин ҷост –
Гувоҳи ранҷи мардони таҳамтан.

Ба сони пайкари рахшандаи Зевс
Дар ин ҷо маъбади нури замон аст.
Ҷаҳон дар рӯшноӣ раҳ биҷӯяд,
Дар ин ҷо роҳи фардои ҷаҳон аст!

Дар ин ҷо бандварғи баҳри Норак
Бувад муҳкамтар аз садди Сикандар.
Дар ин ҷо наъраи Белаз намояд
Ғиреви Рустам андар ҷанги аждар.

Дар ин ҷо ҳар чароғи равшани барқ
Ба хуршеди мунаввар анқариб аст.
Дар ин ҷо Баҳри Норак – Ҷоми Ҷамшед
Ба дасти соқии меҳнатнасиб аст.

Дар ин ҷо дар фарози кӯҳсорон
Бубинӣ қуллаи ихлоси одам.
Яқин, андар фарози дӯстиҳо
Шавад бунёд ҳам боғи Шамирам.

Дар ин ҷо ҳар чи тири барқ бинӣ
Мапиндорӣ, ки танҳо тири барқ аст.
Сари ҳар сими барқафшони Норак
Яке сарриштаи тақдири Шарқ аст!

Аз ин пас ҳар чи Нуристон бисозем
Чу шеъри ман бувад тақлиди Норак.
Агар Хуршед рӯзе ҳам бимирад,
Намирад дар замин хуршеди Норак!

Зи сеҳри нури Норак ақлҳо мот,
Ба сӯи барқи Норак чашми дунёст.
Зи роҳи нури Норак ҷӯй фардо,
Ки роҳи нури Норак роҳи фардост!

Пас ин бунёди Нуристони даврон
Дар ин кишвар, ки нури беҳисоб аст,
Нахустин офтоби сунъӣ, ё худ
Нахустин пайравӣ аз офтоб аст!..

[1979]

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj