Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 


1941 - 2000


Сипоснома

РӮЗИ ҶАНОЗА

Киштии пурбори дил аз паҳнаи дарё гузашт,
Хун гирӣ, эй Тоҷикистон, шоир аз дунё гузашт.
Ҷор зад аз минбари дунё барои адлу дод,
Маркази дилҳо биҷуст, аз маркази дилҳо гузашт.

Ҳар суруде дошт, бо номи Ватан оғоз кард,
Ҳар куҷое рафт, бо боли Ватан парвоз кард.
Дӯстӣ ҷусту вафо омӯхту озодагӣ,
Шеъри худро дар қудуми сулҳ пойандоз кард.

Осиёро ӯ ба чашми хештан санҷиду рафт,
Ҳар куҷо аз баҳри озодии ӯ шӯриду рафт.
Дар сари қабри бузургон шеър хонду саҷда кард,
Аз бузургон самти роҳи ҷовидон пурсиду рафт.

Сайри дунё кардани ӯ сайри дилҳо кардан аст,
Раҳми дунё хурдан аст, аммо на дунё хурдан аст.
Гашт дар рӯи замин, то дид рӯи одамин,
Дил ба дунё додани ӯ дил ба даст овардан аст.

Аз замин нонрезаҳоро реза-реза чиду рафт,
Қитъа-қитъа қитъаҳоро тухми дил кориду рафт.
Кокулони майдабофи духтаронро шеър кард,
Шеъри худ дар кокулони духтарон печиду рафт.

Дар лаби дарёи Варзоб ӯ ғазалҳо хонда буд,
Бо садои ошно гирову шево хонда буд.
Пеши худ то ҳол ҳайронам, ки он рӯзи саид
Ӯ ғазал мехонд бар мо ё ки дарё хонда буд?..

Лек рӯзе шуд, ки ин дарё миёни соҳиле
Дар канори худ набинад шоири дарёдиле.
Мавҷи мӯҳои сафедаш мавҷи дарё буду нест,
Ӯ наҷӯяд манзиле, дарё биҷӯяд манзиле.

Кӯчаҳои шаҳр пур аз мавҷи оҳу дард буд,
Гӯӣ дунё дар ғами ин марди дунёгард буд.
Шоири мо қаҳрамон буду аҷал ғофил гирифт,
Мард буд устоди мо, аммо аҷал номард буд.

Издиҳоми мотамӣ бо гиряи дилҳо гузашт,
Издиҳоми мотамӣ аз шаҳр чун дарё гузашт.
Воалам, эй кӯҳсорон, қуллаеро ярч бурд,
Водареғ, эй Тоҷикистон, аз ҷаҳон Мирзо гузашт!

Зинаҳои равнақат дар зинаҳои шеъри ӯст
Рангҳои парчамат рангу ҷилои шеъри ӯст.
Тоҷикистон, ҳар чи навъе ганҷ дорӣ дар дилат,
Дар дили ҳар мисраву дар иҳтивои шеъри ӯст.

Ӯ туро бишнохт аввал, то варо олам шинохт,
Ӯ туро бинвохт аввал, то варо олам навохт.
Аз раҳи куҳсори ту бар чор сӯи даҳр рафт,
Ҷони худ дар кӯраи пуроташи олам гудохт.

Марди роҳе, ки ҳамеша роҳи дил паймудааст,
Ҳам қадам фарсудаасту ҳам қалам фарсудааст,
Ҳар куҷое ҷанг бошад, гӯри ӯ гардад хароб,
Ҳар куҷое сулҳ бошад, рӯҳи ӯ осудааст.

Дар замини мо, ки худ як ахтар аст аз ахтарон,
Гӯшае аз таркиши ҳар бор ларзад ногаҳон,
Марқади ӯ низ ларзад дар бари боғи Лучоб,
Дар дили гӯр аз дили наъшаш барояд сад фиғон.

Гӯри ӯ ҳам, эй башар, як мушти хоки олам аст,
Як кафи шодию ҳасрат – мушти хоки одам аст.
Зиндаи ӯ гар мубориз буда андар зиндагӣ,
Мурдаи ӯ ҳам муборизтар зи чандин Рустам аст.

Боз аз мулки абад ҳам бингарад сӯи замин,
Баски дорад шеъри ӯ атри замин, бӯи замин.
Гарчи дар зери замин осудаву фориғ зи мост,
Боз ҳам дорад ғами осоиши рӯи замин.

Хуни гармаш дар раги ҳар байт туғён мекунад,
Дар дили хок аст, аммо дил ба дарё мезанад.
Зиндаи ӯ баҳри имрӯзи ҷаҳон ҷон кандааст,
Баҳри фардои ҷаҳон осори ӯ ҷон меканад...

[1981]

 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj