Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Сипоснома

ЯК ПОРА ХОТИРА

Бори аввал дида будам ман варо
Дар лаби Варзоб – дар бустонсаро.

Нав сафедӣ бар сараш афтода буд,
Ё сафедии замири сода буд.

Буд ҳам устод Боқӣ дар бараш
Бо зарофатҳои ҳамчун шаккараш.

Паҳлуи ӯ босалобат менишаст,
Махзани андарзу ҳикмат менишаст.

Гӯиё ду барзкӯҳ аз кӯҳсор
Он яке аз Рашту дигар аз Ҳисор

Рӯ ба рӯ биншаста суҳбат доштанд,
Суҳбат аз асрори санъат доштанд.

Навсазовори мукофоти Ленин
Гӯӣ аз Ленин шунида офарин –

Шоири панҷоҳсола пеши мо
Дар назар чун сарсулола пеши мо

Гуфтугӯҳо дошт аз дидорҳо
Аз ҷаҳони афсару афсорҳо.

Чанд донишҷӯи навмашқи сухан
Доштем андар ҳузураш анҷуман.

Шоири донандаи рози замон,
Шоири ҳамдасти эъҷози замон.

Қиссаҳо мекард аз пирони шеър,
Аз паямбар, аз ҷаҳонгирони шеър.

Аз бузургоне, ки фитрат доштанд,
Лек на молу на давлат доштанд.

Аз бузургоне, ки девон доштанд,
Сина пурғам, сурфа бенон доштанд.

Аз бузургоне, ки дунё будаанд,
Аз ҳама офоқ танҳо будаанд,

Аз бузургоне, ки ҷонҳо бохта
Қадрашонро даврашон нашнохта...

Оби дарё латма мезад бар канор,
Мавҷ мезад, мавҷҳо – занҷирадор.

Қуллаҳои песабарф аз рӯ ба рӯ
Доштанд аз навбаҳорон гуфтугӯ.

Рӯди кӯҳӣ пуршитобу пурхурӯш,
Қад-қади раҳ кӯдакони гулфурӯш...

Ғоиби марҳум як шеърак бихонд,
Лек то нимаш расиду хира монд.

Гуфт: шармам ояд аз ин ҳарзаҳо,
Ахгаре кай монад аз хасдарзаҳо.

Як ҷавон бо ҳайбату бо савлате
Хонд як фахрияи беҳикмате.

Банда ҳам шеъре бихондам паст-паст,
Шеъраке беқофия, бебанду баст.

Устод ором як-як мешунид
Ҳарф-ҳарфи шеърҳои норасид.

Панҷа месоид бар холи ҷабин,
Дар рухаш дарди ҳама рӯи замин.

Ҷоми нима дар кафу саршор дил,
Чун ҷаҳон пурмоҷаро, пуркор дил,

Гуфт: мебинед ин рӯди равон
Ҷовидон пир асту ҷовидон ҷавон.

Баски андар изтиробу коҳиш аст,
Ғофил аз кайфияти осоиш аст.


Шоирӣ ҳам мисли дарё будан аст,
Рӯзу шаб чун мавҷ ноосудан аст.

Об аз соҳил бурун ояд баҳор,
Ишқ ҳам аз дил бурун ояд баҳор.

Рӯди кӯҳӣ тунд бихрӯшад баҳор,
Шеър ҳам аз дил бурун ҷӯшад баҳор.

Чун баҳор ояд, баҳор ояд ба шеър,
Мастиву шӯру шарор ояд ба шеър.

Ошиқон чун булбулон ово кунанд,
Духтарон қуфли гиребон во кунанд.

Гул на танҳо дар чаманҳо бишкуфад,
Ҳам даруни синаи мо бишкуфад.

Зинда бодо пас баҳори ишқу шеър,
Зинда бодо пас барори ишқу шеър!

Бингаред, ин кӯҳҳои рӯ ба рӯ
Ганҷҳо доранд дар дил тӯ ба тӯ.

Лек бояд синаҳошонро шикофт,
Бо машаққат ганҷи дилхоҳе биёфт...

Пас шумо ҳам, эй ҷавонони сухан,
Ганҷи худ ёбед аз кони сухан!

Пас ба сар бардошт ҷоми нимаро,
Чеҳрааш бишкуфту в-онгаҳ сӯи мо

Аз дари дигар сухан оғоз кард,
Баҳри мо чандин тилисме боз кард –

Гуфт: ман ҳам чун шумо куҳзодаам,
Кӯҳҳоро дар дилам ҷо додаам.

Ағбаи Анзоб азобам додааст,
Оби Варзоб обутобам додааст.

Кӯҳҳо нармӣ атоям кардаанд,
Бо ҷаҳоне ҳамнавоям кардаанд.

Фасли тифлӣ модари ман даргузашт,
Ҳам падар – бонигари ман даргузашт.

Зери гардун бекасу танҳо шудам,
Ҳамчу коҳи бесару бепо шудам.

Модарам дар хоку дасти модаре
Шуд парастори сари бесарваре.

Баъди модар, модари ман – Инқилоб!
Додари ман, хоҳари ман – Инқилоб!

Шавқи фардо то ба шаҳроҳам кашид,
Бар ҷаҳони муфлису шоҳам кашид.

Дидам эй бас шоҳи бетахту ҷалол,
Дидам эй бас муфлиси соҳибкамол.

Ин ҳама бошад зи файзи Инқилоб,
Инқилобе, ки нагунҷад дар китоб.

Рӯдакиро кард бино Инқилоб,
Дод умри нав ба Сино Инқилоб.

Айниро озод кард аз чанги дад,
Барнишонидаш сари тахти абад.

Гарчи дар сар ҷабҳае қодир шавад,
Халқи мо мирад, чу бешоир шавад.

Айнӣ омад, баъд Лоҳутӣ расид,
Халқи тоҷик бӯи озодӣ шунид.

Шоирӣ ҳамзоди хуни мо бувад,
Шеъри ақли мо, ҷунуни мо бувад.

Шеър баҳри мо ба ҷои тир буд,
Баҳри радди ҳар бало тадбир буд.

Ҷавшани мо буд дар майдони кор,
Махзани мо буд андар рӯзгор.

Ҳофизи Шероз бо сеҳри сухан
Шаҳри худро ҳифз кард аз сӯхтан.

Гарчи аз дасти арабҳо сӯхтем,
Гаҳ арабро сарфу наҳв омӯхтем.

Сад китоби зичи анҷум сохтем,
Ҷумла баҳри нафъи мардум сохтем.

Кушт бас ислом рассомии мо,
Дар намозу рӯза шуд ҳомии мо.

Дар гулӯи мо суруди мо бимурд,
Асли оҳанги вуҷуди мо бимурд.

Мурд мусиқию мусиқишинос,
Халқи мо овард бар иллаҳ ниёз,

Гашта андар гӯшае хилватнишин
Лобаҳо мекард то чархи барин,

Ҳар чӣ ояд бар сараш, аз чарх буд,
Гарчи ҳам аз чарх комаш талх буд.

Пас қасоси хеш бистонд аз сухан,
Ёдгоре сохт бо ёди Ватан.

Бо худо мушту гиребон буд шеър,
Дар замин ҳамдарди инсон буд шеър.

Ҳандаса, ҳайкалтарошӣ – буд шеър,
Ҳақшиносӣ, ҳақталошӣ буд шеър.

Фалсафа, торих, ҳам илми набот,
Илми тиббу рози ҳар басту кушод.

Ҳам риёзиёт манзум омада
Ҳам илоҳиёт манзум омада.

Мухтасар, нақши ҳама навъи ҳунар
Буд дар шеъру сухан рахшандатар...

Лек аз дасти ҳама донишварон
Сарфу наҳви тоҷикӣ шуд норавон...

Пас, шумо ҳам гар суханвар мешавед,
Халқро раҳдону раҳбар мешавед,

Об дар ҳован набояд кӯфтан,
Ҳарфи нав бояд, на такрори сухан.

Гуфтани такрор чун беҳуда аст,
Муҳраҳо дар риштаи фарсуда аст.

Ҳарфи нав дунёи нав бунён кунад,
“Нори хандон боғро хандон кунад ...”

Мавҷи дарё мисли мавҷи шеъри ӯ
Метапид андар ҷаҳони ҷустуҷӯ.

Ҳаббазо, бахти накӯе доштем,
Бо ду дарё гуфтугӯе доштем –

Он яке дарёби Турсунзода буд,
Дигаре Варзоби Турсунзода буд.

Ин ҷаҳон то аз паи коре бувад,
Ин ду дарё ҷовидон ҷорӣ бувад!

[1981]

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj