|
Баёни ҳасади вазирОн вазирак аз ҳасад будаш нажод, То ба ботил гӯшу бинӣ бод дод. Бар уммеди он ки аз неши ҳасад Заҳри ӯ дар ҷони мискинон расад. Ҳар касе, к-ӯ аз ҳасад бине кунад, Хешро бегӯшу бебинӣ кунад. Бинӣ он бошад, ки ӯ бӯе барад, Бӯй ӯро ҷониби кӯйе барад. Ҳар кӣ бӯяш нест, бебинӣ бувад, Бӯй он бӯй аст, к-он динӣ бувад. Чунки бӯйе бурду шукри он накард, Куфри неъмат омаду биниш х(в)ард. Шукр кун, мар шокиронро банда бош, Пеши эшон мурда шав, поянда бош. Чун вазир, аз раҳзанӣ моя масоз, Халқро ту бармаёвар аз намоз. Носеҳи дин гашта он кофир вазир, Карда ӯ аз макр дар гавзина сир.
Саҳифаи 19/173 |