Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Рӯдакӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Дафтари якум

 
rumi

Тарҷумаи муқаддимаи дафтари аввал

Ин китоби «Маснавӣ» аст, ки усули усули усули дин аст. Дар бораи кашфи розҳои вусул ба ҳақиқат ва расидан ба мартабаи яқин аст. Ва дониши бузурги худовандӣ аст. Ва роҳи равшани худопарастӣ аст. Ва ошкортарин бурҳони худошиносӣ аст. «Рӯшноии он монанди фонусест, ки дар он чароғе бошад», чароғе, ки равшантар аз бомдодон нур бияфшонад. Ин китоб биҳишти дил аст, чашмаҳо ва шохсороне дорад ва аз он миён чашмаест, ки равандагони ин роҳ ба он Силсабил мегӯянд ва соҳибони мақомот ва каромот ин биҳиштро барои мондан ва осоиши рӯҳ беҳтарин ҷой медонанд. Некон дар ин биҳишт мехӯранд ва менӯшанд ва озодагон аз он кушодахотир ва шодмон мешаванд. Ин китоб чун рӯди Нил барои шикебоён нӯшидане гуворо ва барои фиръавниён ва худоношиносон рашку ҳасрат аст, чунонки дар каломи Худо мехонем: «Ба он бисёре аз касонро гумроҳ мекунад ва бисёреро ба роҳ меоварад» ва ин китоб дармони синаҳои дардманд аст ва зудояндаи зангҳои андӯҳ ва розгушои Қуръон ва фаровонкунандаи рӯзиҳои маънавӣ ва мӯҷиби поксозии хӯйи одамиён, «ба шарти он ки дар дасти паёмгузорони бузургвору некӯкор бошад», ки нагузоранд «ҷуз покон касе ба он даст бизанад» ва бадонанд, ки «ин фуруд омада аз сӯйи Парвардигори ҷаҳониён аст» ва «пеша аз он ё пас аз он ҳеч сухани дигаре, онро дигаргун ё мансух нахоҳад кард» ва Худованд ин китобро нигоҳ медорад «ва ӯ беҳтарин нигаҳдоранда ва аз ҳамаи меҳрубонон нармдилтар аст». Барои ин «Маснавӣ» алқоби дигаре ҳам ҳаст, ки Худованд бар он ниҳодааст ва мо ба ҳамин мухтасар суханро кӯтоҳ кардем ва ин мухтасар худ нишонаи бисёр аст ва ин ҷуръа ба обгире раҳ менамояд ва ин як мушт сухан аз хирмани гарон мегӯяд.

Ин бандаи нотавон ниёзманд ба раҳмати Худои баландпоя, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Ҳусайни Балхӣ, ки Худо бандагии ӯро қабул кунад, мегӯяд: «Ман дар татвили ин китоби манзуми маснавӣ кӯшидаам, китобе, ки шомили достонҳои шигифту нодир, суханони дурахшон ва раҳнамойиҳои равшан аст. Ин китоб аз тариқати парҳезгорон сухан мегӯяд ва бӯстони худопарастон аст; шолудаҳои сухан дар он мухтасару кӯтоҳ ва маъонии онҳо бисёр аст. Ин кӯшишро ман ба дархости касе кардаам, ки сарвар, такягоҳ ва мӯътамади ман аст ва порае аз пайкари ман аст, ки дар он рӯҳи ман ҷой дорад ва захираи имрӯзу фардои ман аст ва ӯ пири пешвои орифон, раҳнамои расидан ба мартабаи яқин, фарёдраси халқ, амини дилҳову ақлҳо, супурдаи Худованд дар миёни офаридагон ва баргузидаи ӯ аз миёни халқ ва ҷилвагоҳи васоёест, ки Худо бар паёмбараш фармуда ва асроре, ки бо бандаи хосси даргоҳаш дар миён ниҳода, калиди ганҷинаҳои Арш ва амини ганҷҳои ин ҷаҳон Абулфазойил Ҳусомулҳақ ва-д-дин Ҳасан ибни Муҳаммад ибни Ҳасан маъруф ба Ибни Ахии турк аст. Боязиди ин рӯзгор ва Ҷунайди ин замона ва марде ростин дар мартабаи Абӯбакр аст ва падару аҷдодаш низ чунин будаанд, ки Худованд аз ӯ ва аз ҳамаи онҳо хушнуд бод. Дар асл аз мардуми Урумия аст ва аз тариқи ин сухани маъруф, ки «ба ҳангоми хуфтан курд будам ва бомдодон араб бархостам», нисбате ба шайхи бузургворе дорад, ки гӯяндаи ин сухан аст – Худо равони он шайху фарзандони ӯро пок бидорад ва ин падару фарзанд чӣ салафу халафи некӯе ҳастанд. Ҳусомуддин насабе дорад, ки хуршед ҷомаи худро бар он афгандааст ва ҳасабе дорад, ки ахтарон рӯшноии худро ба пешгоҳаш афшондаанд. Ҳамвора даргоҳи ин хонадон қиблагоҳи таваҷҷӯҳи дигарон будааст ва ҳамвора фарзандони соҳибони вилояти маънавӣ ба он рӯй меоваранд ва Каъбаи орзуҳост, ки хосторони лутф гирди он мегарданд.

Умед, ки ҳамвора, то ситорае медурахшад ва ахтаре метобад, ин даргоҳ паноҳе бошад барои онҳо, ки соҳиби басиратанд ва раббониву рӯҳониву осмониву аршиву нуронианд, онҳо ки дигарон дар наззораи онҳо хомӯш мемонанд, ғойибоне, ки ҳузур доранд, хусравоне, ки дар ҷомаҳои мундарисанд ва нуҷабои воқеии ҷамооти мардуманд ва соҳибони фазилатанд ва рӯшноиҳои раҳнамояндаанд. Эй Парвардигори ҷаҳониён, ин дуъои маро бипазир ва ин дуъоест, ки пазируфта хоҳад буд, зеро ҳамаи гурӯҳҳои халқро дар бар мегирад. Ва ситоиш Худои ягонаро ва дуруди Худо ба сарвари мо Муҳаммад ва пайравонашу хонадо-наш. Ва Худо моро бас аст ва коргузоре нек аст.

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад,
К-аз найистон то маро бубридаанд,
Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Сина хоҳам шарҳа–шарҳа аз фироқ,
То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.
Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.
Ман ба ҳар ҷамъийяте нолон шудам,
Ҷуфти бадҳолону хушҳолон шудам.
Ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман,
Аз даруни ман наҷуст асрори ман.
Сирри ман аз нолаи ман дур нест,
Лек чашму гӯшро он нур нест.
Тан зи ҷону ҷон зи тан мастур нест,
Лек касро диди ҷон дастур нест.
Оташ аст ин бонги нойу нест бод,
Ҳар кӣ ин оташ надорад, нест бод!
Оташи ишқ аст, к-андар най фитод,
Ҷӯшиши ишқ аст, к-андар май фитод.
Най ҳарифи ҳар кӣ аз ёре бурид,
Пардаҳояш пардаҳои мо дарид.
Ҳамчу най заҳреву тарёқе кӣ дид?
Ҳамчу най дамсозу муштоқе кӣ дид?
Най ҳадиси роҳи пурхун мекунад,
Қиссаҳои ишқи Маҷнун мекунад.
Маҳрами ин ҳуш ҷуз беҳуш нест,
Мар забонро муштарӣ ҷуз гӯш нест.
Дар ғами мо рӯзҳо бегоҳ шуд,
Рӯзҳо бо сӯзҳо ҳамроҳ шуд.
Рӯзҳо гар рафт, гӯ: «Рав бок нест,
Ту бимон, эй он ки чун ту пок нест».
Ҳар кӣ ҷуз моҳӣ зи обаш сер шуд,
Ҳар кӣ берӯзист, рӯзаш дер шуд.
Дарнаёбад ҳоли пухта ҳеч хом,
Пас сухан кӯтоҳ бояд, вассалом!
Банд бугсил, бош озод, эй писар!
Чанд бошӣ банди симу банди зар?
Гар бирезӣ баҳрро дар кӯзае,
Чанд гунҷад, қисмати якрӯзае?
Кӯзаи чашми ҳарисон пур нашуд,
То садаф қонеъ нашуд, пурдур нашуд.
Ҳар киро ҷома зи ишқе чок шуд,
ӯ зи ҳирсу айб куллӣ пок шуд.
Шод бош, эй ишқи хушсавдои мо!
Эй табиби ҷумла иллатҳои мо!
Эй давои нахвату номуси мо!
Эй ту Афлотуну Ҷолинуси мо!
Ҷисми хок аз ишқ бар афлок шуд,
Кӯҳ дар рақс омаду чолок шуд.
Ишқ ҷони Тур омад, ошиқо!
Тур масту «харра Мӯсо соиқо».
Бо лаби дамсози худ гар ҷуфтаме,
Ҳамчу най ман гуфтаниҳо гуфтаме.
Ҳар кӣ ӯ аз ҳамзабоне шуд ҷудо,
Безабон шуд, гарчи дорад сад наво.
Чунки гул рафту гулистон даргузашт,
Нашнавӣ з-он пас зи булбул саргузашт.
Ҷумла маъшуқ асту ошиқ пардае,
Зинда маъшуқ асту ошиқ мурдае.
Чун набошад ишқро парвои ӯ,
ӯ чу мурғе монд бепар, вои ӯ.
Ман чӣ гуна ҳуш дорам пешу пас,
Чун набошад нури ёрам пешу пас? ;
Ишқ хоҳад, к-ин сухан берун бувад,
Ойина ғаммоз набвад, чун бувад?
Ойина-т донӣ чаро ғаммоз нест?
З-он ки зангор аз рухаш мумтоз нест.;

Саҳифаи 2/173


 
Дафтари якум
Дафтари дуюм
Дафтари сеюм
Дафтари чаҳорум
Дафтари панҷум
Дафтари шашум

Зиндагинома
Рӯбоиҳо
Гулчини    рӯбоиҳо
Луғатҳо
Суратҳо
Манбаҳои дигар
 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj