 |
Пайғоми шоҳ пинҳон бо вазирДар миёни шоҳу ӯ пайғомҳо, Шоҳро пинҳон бад-ӯ оромҳо. Охируламр аз барои ин мурод, То диҳад чун хок эшонро ба бод, Пеши ӯ бинвишт шаҳ, к-эй муқбилам, Вақт омад, зуд фориғ кун дилам. Гуфт: «Инак андар он корам шаҳо, К-афганам дар дини Исо фитнаҳо».
Саҳифаи 21/173 |