 |
Баёни дувоздаҳ сибт аз насороҚавми Исоро буд андар дору гир, Ҳокимоншон даҳ амиру ду амир. Ҳар фариқе, мар амиреро табаъ Банда гашта мири худро аз тамаъ. Ин даҳу ин ду амиру қавмашон Гашта банди он вазири баднишон. Эътимоди ҷумла бар гуфтори ӯ, Иқтидои ҷумла бар рафтори ӯ. Пеши ӯ дар вақту соат ҳар амир, Ҷон бидодӣ, гар бад-ӯ гуфтӣ: «Бимир».
Саҳифаи 22/173 |