Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

Ҳикояти подшоҳи ҷуҳуди дигар, ки дар ҳалоки дини Исо саъй намуд

Баъд аз ин хунрези дармоннопазир,
К-андар афтод аз балои он вазир.
Як шаҳи дигар зи насли он ҷуҳуд
Дар ҳалоки қавми Исо рӯ намуд.
Гар хабар хоҳӣ аз ин дигар хуруҷ,
Сура бархон: «Ва-с-само зоти-л-буруҷ».
Суннати бад, к-аз шаҳи аввал бизод,
Ин шаҳи дигар қадам бар вай ниҳод.
Ҳар кӣ ӯ бинҳод нохуш суннате,
Сӯйи ӯ нафрин равад ҳар соате.
Некувон рафтанду суннатҳо бимонд
В-аз лаъимон зулму лаънатҳо бимонд.
То қиёмат ҳар кӣ ҷинси он бадон
Дар вуҷуд ояд, бувад рӯяш бад-он.
Раг-раг аст ин оби ширин в-оби шӯр
Дар халоиқ меравад то нафхи сур.
Некувонро ҳаст мерос аз хушоб,
Он чӣ мерос аст? «Аврасна-л-китоб».
Шуд ниёзи толибон, ар бингарӣ,
Шӯълаҳо аз гавҳари пайғамбарӣ.
Шӯълаҳо бо гавҳарон гардон бувад,
Шӯъла он ҷониб равад ҳам, к-он бувад.
Нури равзан гирди хона медавад,
З-он ки хур бурҷе ба бурҷе меравад.
Ҳар киро бо ахтаре пайвастагист,
Мар варо бо ахтари худ ҳамтагист.
Толеаш гар зуҳра бошад дар тараб,
Майли куллӣ дораду ишқу талаб.
В-ар бувад миррихии хунрезхӯ,
Ҷангу бӯҳтону хусумат ҷӯяд ӯ.
Ахтаронанд аз варои ахтарон,
К-эҳтироқу наҳс набвад андар он.
Соирон дар осмонҳои дигар,
Ғайри ин ҳафт осмони мӯътабар.
Росихон дар тоби анвори Худо,
На ба ҳам пайваста, на аз ҳам ҷудо.
Ҳар кӣ бошад толеъи ӯ з-он нуҷум,
Нафси ӯ куффор сӯзад дар руҷум.
Хашми миррихӣ набошад хашми ӯ,
Мунқалибрав, ғолибу мағлубхӯ.
Нури ғолиб, эмин аз нақсу ғасақ,
Дар миёни исбаъайни нури Ҳақ.
Ҳақ фишонд он нурро бар ҷонҳо,
Муқбилон бардошта домонҳо.
В-он нисори нурро воёфта,
Рӯй аз ғайри Худо бартофта.
Ҳар киро домони ишқе нобуда,
З-он нисори нур бебаҳра шуда.
Ҷузвҳоро рӯйҳо сӯйи кул аст,
Булбулонро ишқ бо рӯйи гул аст.
Говро ранг аз буруну мардро
Аз дарун ҷӯ ранги сурху зардро.
Рангҳои нек аз хумми сафост,
Ранги зиштон аз сиёҳобай ҷафост.
Сибғатуллаҳ номи он ранги латиф,
Лаънатуллаҳ бӯйи ин ранги касиф.
Он чӣ аз дарё ба дарё меравад,
Аз ҳамон ҷо, к-омад, он ҷо меравад.
Аз сари кӯҳ селҳои тезрав
В-аз тани мо, ҷони ишқомез, рав.

37/173
 













 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj