|
Ба сухан омадани тифл дар миёни оташ ва таҳриз кардан халқро дар афтодан ба оташЯк зане бо тифл овард он ҷуҳуд, Пеши оташ в-оташ андар шӯъла буд. Тифл аз ӯ бистад, дар оташ дарфиганд, Зан битарсиду дил аз имон биканд. Хост то ӯ саҷда орад пеши бут, Бонг зад он тифл: «инни лам амут». Андаро, эй модар, ин ҷо ман х(в)ашам, Гарчи дар сурат миёни оташам. Чашмбанд аст оташ аз баҳри ҳиҷеб, Раҳмат аст ин сар бароварда зи ҷеб. Андаро модар, бибин бурҳони Ҳақ, То бибинӣ ишрати хосони Ҳақ. Андарову об бин оташмисол, Аз ҷаҳоне, к-оташ аст, обаш мисол. Андаро, асрори Иброҳим бин, К-ӯ дар оташ ёфт сарву ёсамин. Марг медидам гаҳи зодан зи ту, Сахт хавфам буд афтодан зи ту. Чун бизодам, растам аз зиндони танг, Дар ҷаҳони хушҳавои хубранг. Ман ҷаҳонро чун раҳим дидам кунун, Чун дар ин оташ бидидам ин сукун. Андар ин оташ бидидам оламе, Зарра-зарра андар ӯ исодаме. Нак, ҷаҳони нестшакли ҳастзот В-он ҷаҳони ҳастшакли бесубот. Андаро модар, ба ҳаққи модарӣ, Бин, ки ин озар надорад озарӣ. Андаро модар, ки иқбол омадаст, Андаро модар, мадеҳ давлат зи даст. Қудрати он саг бидидӣ, андаро, То бибинӣ қудрату лутфи Худо. Ман зи раҳмат мекашонам пойи ту, К-аз тараб худ нестам парвойи ту. Андарову дигаронро ҳам бихон, К-андар оташ шоҳ бинҳодаст хон. Андароед, эй мусулмонон ҳама, Ғайри азби дин азоб аст он ҳама. Андароед, эй ҳама парвонавор Андар ин баҳра, ки дорад сад баҳор. Бонг мезад дар миёни он гурӯҳ, Пур ҳамешуд ҷони халқон аз шикӯҳ. Халқ худро баъд аз он бехештан Мефиганданд андар оташ марду зан. Бе муваккил, бе кашиш аз ишқи дӯст, З-он ки ширин кардани ҳар талх аз ӯст. То чунон шуд, к-он авонон халқро Манъ мекарданд, к-оташ дармаё. Он яҳудӣ шуд сияҳрӯву хиҷил, Шуд пушаймон з-ин сабаб бемордил. К-андар имон, халқ ошиқтар шуданд, Дар фанои ҷисм содиқтар шуданд. Макри шайтон ҳам дар ӯ печид, шукр, Дев ҳам худро сияҳрӯ дид, шукр. Он чӣ мемолид дар рӯйи касон, Ҷамъ шуд дар чеҳраи он нокас он. Он кӣ медаррид ҷомай халқ чуст, Шуд дарида они ӯ, эшон дуруст.
Саҳифаи 39/173 |