 |
Дарёфтани он валӣ ранҷро ва арз кардани ранҷи ӯ пеши подшоҳБаъд аз он бархост, азми шоҳ кард, Шоҳро з-он шаммае огоҳ кард. Гуфт: «Тадбир он бувад, к-он мардро Ҳозир орем аз пайи ин дардро. Марди заргарро бихон з-он шаҳри дур, Бо зару хилъат бидеҳ ӯро ғурур». Чунки султон аз ҳаким онро шунид, Панди ӯро аз дилу ҷон баргузид.
Саҳифаи 9/173 |