 |
Таслим кардани мард худро ба он чӣ илтимоси зан буд аз талаби маишат ва он эътирози занро ишорати Ҳақ донистан:Ба назди ақл ҳар донандае ҳаст, Ки бо гарданда гардонандае ҳаст. Мард з-он гуфтан пушаймон шуд чунон, К-аз авонӣ соати мурдан авон. Гуфт: «Хасми ҷони ҷон, чун омадам? Бар сари ҷон ман лагадҳо чун задам?» Чун қазо ояд, фурӯ пӯшад басар, То надонад ақли мо поро зи сар. Чун қазо бигзашт, худро мех(в)арад, Парда бидрида, гиребон медарад. Мард гуфт: «Эй зан пушаймон мешавам, Гар будам кофир, мусулмон мешавам. Ман гунаҳкори туам, раҳме бикун, Бармакан якборагим аз беху бун». Кофири пир ар пушаймон мешавад, Чунки узр орад, мусулмон мешавад. Ҳазрати пурраҳмат асту пуркарам, Ошиқи ӯ ҳам вуҷуду ҳам адам. Куфру имон ошиқи он кибриё, Миссу нуқра бандаи он кимиё.
Саҳифаи 121/173 |