 |
Дар маънии он ки он чӣ валӣ кунад, муридро нашояд густохӣ кардан ва ҳамон феъл кардан, ки ҳалво табибро зиён надорад, аммо беморонро зиён дорад ва сармову барф ангурро зиён надорад, аммо ғӯраро зиён дорад, ки дар раҳ аст, ки «лияғфира лакаллоҳу мо тақаддама мин занбика ва мо таъаххар»Гар валӣ заҳре хурад, нӯше шавад В-ар хурад толиб, сияҳҳуше шавад. «Рабби ҳиб лӣ» аз Сулаймон омадаст, Ки мадеҳ ғайри маро ин мулку даст. «Ту макун бо ғайри ман ин лутфу ҷуд», Ин ҳасадро монад, аммо он набуд. Нуктаи «ло янбағӣ» мехон ба ҷон, Сирри «мин баъдӣ» зи бухли ӯ мадон. Балки андар мулк дид ӯ сад хатар, Мӯ ба мӯ мулки ҷаҳон буд бими сар. Бими сар бо бими сир бо бими дин, Имтиҳоне нест моро мисли ин. Пас сулаймонҳиммате бояд, ки ӯ Бигзарад з-ин садҳазорон рангу бӯ. Бо чунон қувват, ки ӯро буд, ҳам Мавҷи он мулкаш фурӯ мебаст дам. Чун бар ӯ биншаст з-ин андӯҳ гард, Бар ҳама шоҳони олам раҳм кард, Шуд шафеъу гуфт: «Ин мулку ливо Бо камоле деҳ, ки додӣ мар маро. Ҳар киро бидҳиву бикнӣ он карам, ӯ Сулаймон асту он кас ҳам манам. ӯ набошад баъдӣ, ӯ бошад маъӣ, Худ маъӣ чӣ бвад? Манам бе муддаъӣ». Шарҳи ин фарз аст гуфтан, лек ман Боз мегардам ба қиссай марду зан.
Саҳифаи 126/173 |