|
Таъйин кардани зан тариқи талаби рӯзӣ кадхудои худро ва қабул кардани ӯГуфт зан: «Як офтобе тофтаст, Оламе з-ӯ рӯшноӣ ёфтаст. Ноиби раҳмон, халифай кирдгор, Шаҳри Бағдод аст аз вай чун баҳор. Гар бипайвандӣ бад-он шаҳ, шаҳ шавӣ, Сӯйи ҳар идбир то кай меравӣ? Ҳамнишинӣ бо шаҳон чун кимиёст, Чун назаршон кимиёе худ куҷост? Чашми Аҳмад бар Абӯбакре зада, ӯ зи як тасдиқ сиддиқ омада». Гуфт: «Ман шаҳро пазиро чун шавам? Бе баҳона сӯйи ӯ ман чун равам? Нисбате бояд маро ё ҳилате, Ҳеч пеша рост шуд бе олате?» Ҳамчу Маҷнуне, ки бишнид аз яке, Ки мараз омад ба Лайлӣ андаке. Гуфт: «О ваҳ, бе баҳона чун равам? В-ар бимонам аз ибодат, чун шавам? «Лайтанӣ кунту табибан ҳозиқан, Кунту амшӣ наҳва лайло собиқан». «Қул таъолав» гуфт Ҳақ моро бад-он, То бувад шармишкане моро нишон. Шабпаронро гар назар в-олат будӣ, Рӯзашон ҷавлону хушҳолат будӣ. Гуфт: «Чун шоҳи карам майдон равад, Айни ҳар беолате олат шавад. З-он ки олат даъвӣ асту ҳастӣ аст, Кор дар беолативу пастӣ аст». Гуфт: «Кай беолатӣ савдо кунам, То на ман беолате пайдо кунам? Пас гувоҳӣ боядам бар муфлисе, То шаҳе раҳмам кунад бо мӯнисе. Ту гувоҳе ғайри гуфтугӯву ранг Вонамо, то раҳм орад шоҳи шанг. К-ин гувоҳӣ, ки зи гуфту ранг буд, Назди он қозилқузот он ҷарҳ шуд. Сидқ мехоҳад гувоҳи ҳоли ӯ, То битобад нури ӯ бе қоли ӯ».
Саҳифаи 129/173 |