|
Ҳадя бурдани араб сабӯи оби борон аз миёни бодия сӯйи Бағдод ба амирулмӯъминин бар пиндошти он ки он ҷо ҳам қаҳти об астГуфт зан: «Сидқ он бувад, к-аз буди хеш, Пок бархезӣ ту аз маҷҳуди хеш. Оби борон аст моро дар сабӯ, Мулкату сармояву асбоби ту. Ин сабӯи обро бардору рав, Ҳадя созу пеши шоҳаншоҳ шав. Гӯ, ки моро ғайри ин асбоб нест, Дар мафоза ҳеч беҳ з-ин об нест. Гар хазинаш пур матоъи фохир аст, Инчунин обаш набошад, нодир аст». Чист он кӯза? Тани маҳсури мо, Андар он оби ҳавоси шӯри мо. Эй Худованд, ин хуму кӯзай маро Дарпазир аз фазли «Аллаҳ аштаро». Кӯзае бо панҷ лӯлай панҷ ҳис, Пок дор ин обро аз ҳар наҷис. То шавад з-ин кӯза манфаз сӯйи баҳр, То бигирад кӯзаи ман хӯйи баҳр. То чу ҳадя пеши султонаш барӣ, Пок бинад, бошадаш шаҳ муштарӣ. Бениҳоят гардад обаш баъд аз он, Пур шавад аз кӯзаи ман сад ҷаҳон. Лӯлаҳо барбанду пур дораш зи хум, Гуфт: «Ғуззу ъан ҳаво абсоракум». Риши ӯ пур бод, к-ин ҳадя кирост? Лоиқи чун ӯ шаҳе, ин аст рост. Зан намедонист, к-он ҷо бар гузар, Ҳаст ҷорӣ Даҷлае ҳамчун шакар. Дар миёни шаҳр чун дарё равон, Пур зи киштиҳову шасти моҳиён. Рав бари султону кору бор бин, Ҳисси «таҷрӣ таҳтаҳа-л-анҳор» бин. Инчунин ҳисҳову идрокоти мо Қатрае бошад дар он наҳри сафо.
Саҳифаи 130/173 |