|
Дар намад дӯхтани зани араб сабӯи оби боронро ва мӯҳр ниҳодан бар вай аз ғояти эътиқоди арабМард гуфт: «Оре, сабӯро сар бибанд, Ҳин, ки ин ҳадяст моро судманд. Дар намад дардӯз ту ин кӯзаро, То гушояд шаҳ, ба ҳадя рӯзаро. К-ин чунин андар ҳама офоқ нест, Ҷуз раҳиқу мояи азвоқ нест. З-он ки эшон з-обҳои талху шӯр Доимо пуриллатанду нимкӯр». Мурғ, к-оби шӯр бошад масканаш, ӯ чӣ донад ҷойи оби рӯшанаш? Эй ки андар чашмаи шӯр аст ҷот, Ту чӣ донӣ Шатту Ҷайҳуну Фурот? Эй ту нораста аз ин фонӣ работ, Ту чӣ донӣ маҳву сукру инбисот? В-ар бидонӣ, нақлат аз аббу ҷад аст, Пеши ту ин номҳо чун абҷад аст. «Абҷаду ҳавваз» чӣ фош асту падид Бар ҳама тифлону маънӣ бас баъид. Пас сабӯ бардошт он марди араб, Дар сафар шуд, мекашидаш рӯзу шаб. Бар сабӯ ларзон буд аз офоти даҳр, Ҳам кашидаш аз биёбон то ба шаҳр. Зан мусалло боз карда аз ниёз, «Рабби саллим» вирд карда дар намоз. Ки нигаҳ дор оби моро аз хасон, Ё раб, он гавҳар бад-он дарё расон. Гарчи шӯям огаҳ асту пурфан аст, Лек гавҳарро ҳазорон душман аст. Худ чӣ бошад гавҳар, оби Кавсар аст, Қатрае з-ин аст, к-асли гавҳар аст. Аз дуъоҳои зану зории ӯ В-аз ғами марду гаронбории ӯ Солим аз дуздону аз осеби санг Бурд то дорулхилофа бедиранг. Дид даргоҳе пур аз инъомҳо, Аҳли ҳоҷат густарида домҳо. Дам ба дам ҳар сӯй соҳибҳоҷате, Ёфта з-он дар атову хилъате. Баҳри габру мӯъмину зебову зишт, Ҳамчу хуршеду матар, не чун биҳишт. Дид қавме дар назар ороста, Қавми дигар мунтазир бархоста. Хосу ома аз Сулаймон то ба мӯр Зинда гашта чун ҷаҳон аз нафхи сур. Аҳли сурат дар ҷавоҳир бофта, Аҳли маънӣ баҳри маънӣ ёфта. Он ки беҳиммат, чӣ боҳиммат шуда В-он ки боҳиммат, чӣ бонеъмат шуда.
Саҳифаи 131/173 |