 |
Дар баёни он ки чунон ки гадо ошиқи карам аст ва ошиқи карим, карами карим ҳам ошиқи гадост. Агар гадоро сабр беш бувад, карим бари ӯ ояд. Аммо сабри гадо камоли гадост ва сабри карим нуқсони ӯБонг меомад, ки эй толиб, биё, Ҷуди мӯҳтоҷи гадоён чун гадо. Ҷуд меҷӯяд гадоёну зиъоф, Ҳамчу хубон, к-оина ҷӯянд соф. Рӯйи хубон з-оина зебо шавад, Рӯйи эҳсон аз гадо пайдо шавад. Пас аз ин фармуд Ҳақ дар «ва-з-зуҳо»: Бонг кам зан, эй Муҳаммад бар гадо. Чун гадо ойинаи ҷуд аст, ҳон! Дам бувад бар рӯйи ойина зиён. Он яке ҷудаш гадо орад падид В-он дигар бахшад гадоёнро мазид. Пас гадоён оинай ҷуди ҳақанд В-он ки бо ҳаққанд, ҷуди мутлақанд. В-он ки ҷуз ин дӯст, ӯ худ мурдаест, ӯ бар ин дар нест, нақши пардаест.
Саҳифаи 132/173 |