 |
Дар баёни он ки ошиқи дунё бар мисоли ошиқи деворест, ки бар ӯ тоби офтоб занад ва ҷаҳду ҷиҳод накард, то фаҳм кунад, ки он тобу равнақ аз девор нест, аз қурси офтоб аст дар осмони чаҳорум. Лоҷарам куллӣ дил бар девор ниҳод, чун партави офтоб ба офтоб пайваст, ӯ маҳрум монд абадан ва «ҳила байнаҳум байна мо яштаҳуна»Ошиқони кулл, на ушшоқи ҷузв, Монд аз кулл, он ки шуд муштоқи ҷузв. Чунки ҷузве ошиқи ҷузве шавад, Зуд маъшуқаш ба кулли худ равад. Риши гови бандаи ғайр омад ӯ, Ғарқа шуд, каф дар заъифӣ дарзад ӯ. Нест ҳоким то кунад тимори ӯ, Кори хоҷай худ кунад ё кори ӯ?
Саҳифаи 135/173 |