|
Масали араб: «Изо занайта фазни би-л-ҳуррати ва изо сарақта фасриқи-д-дуррата»«Фазни билҳурра» пайи ин шуд масал, «Фасриқи-д-дурра» бад-ин шуд мунтақал. Банда сӯйи хоҷа шуд, ӯ монд зор, Бӯйи гул шуд сӯйи гул, ӯ монд хор. ӯ бимонда дур аз матлуби хеш, Саъй зоеъ, ранҷ ботил, пой реш. Ҳамчу сайёде, ки гирад сояе, Соя кай гардад варо сармояе? Сояи мурғе гирифта мард сахт, Мурғ ҳайрон гашта бар шохи дарахт. К-ин мудаммағ бар кӣ механдад аҷаб? Ин-т ботил, ин-т пӯсида сабаб. В-ар ту гӯйӣ, ҷузв пайвастай кул аст, Хор мехур, хор мақруни гул аст. Ҷуз зи як рӯ нест пайваста ба кул В-арна худ ботил будӣ баъси русул. Чун расулон аз пайи пайвастананд, Пас чӣ пайвандандашон? Чун як тананд. Ин сухан поён надорад, эй ғулом, Рӯз бегаҳ шуд, ҳикоят кун тамом.
Саҳифаи 136/173 |