 |
Супурдани араб ҳадяро, яъне сабӯро ба ғуломони халифаОн сабӯи обро дар пеш дошт, Тухми хидматро дар он ҳазрат бикошт. Гуфт: «Ин ҳадя бад-он султон баред, Соили шаҳро зи ҳоҷат вохаред. Оби ширину сабӯи сабзу нав, З-оби бороне, ки ҷамъ омад ба гав». Ханда меомад нақибонро аз он, Лек пазруфтанд онро ҳамчу ҷон. З-он ки лутфи шоҳи хуби бохабар Карда буд андар ҳама аркон асар. Хӯйи шоҳон дар раъият ҷо кунад, Чархи ахзар хокро хазро кунад. Шаҳ чу ҳавзе дон, ҳашам чун лӯлаҳо, Об аз лӯла равон дар гӯлаҳо. Чунки оби ҷумла аз ҳавзест пок, Ҳар яке обе диҳад хуш, завқнок. В-ар дар он ҳавз оби шӯр асту палид, Ҳар яке лӯла ҳамон орад падид. З-он ки пайвастаст ҳар лӯла ба ҳавз, Хавз кун дар маънии ин ҳарф, хавз. Лутфи шоҳаншоҳи ҷони беватан, Чун асар кардаст андар кулли тан? Лутфи ақли хушниҳоди хушнасаб Чун ҳама танро дарорад дар адаб? Ишқи шанги беқарори бесукун Чун дарорад кулли танро дар ҷунун? Лутфи оби баҳр, к-ӯ чун Кавсар аст, Сангрезаш ҷумла дурру гавҳар аст. Ҳар ҳунар, к-усто бад-он маъруф шуд, Ҷони шогирдон бад-он мавсуф шуд. Пеши устоди усулӣ ҳам усул Хонад он шогирди чусти боҳусул. Пеши устоди фақеҳ, он фиқҳхон Фиқҳ хонад, на усул андар баён. Пеши устоде, ки ӯ наҳвӣ бувад, Ҷони шогирдаш аз ӯ наҳвӣ шавад. Боз устоде, ки ӯ маҳви раҳ аст, Ҷони шогирдаш аз ӯ маҳви шаҳ аст. З-ин ҳама анвоъи дониш рӯзи марг, Дониши фақр аст сози роҳу барг.
Саҳифаи 137/173 |