 |
Ҳикояти моҷарои наҳвӣ ва киштибонОн яке наҳвӣ ба киштӣ дарнишаст, Рӯ ба киштибон ниҳод он худпараст. Гуфт: «Ҳеч аз наҳв хондӣ?» Гуфт: «Ло», Гуфт: «Ними умри ту шуд дар фано». Дилшикаста гашт киштибон зи тоб, Лек он дам кард хомуш аз ҷавоб. Бод киштиро ба гирдобе фиканд, Гуфт киштибон бад-он наҳвӣ баланд: «Ҳеч донӣ ошино кардан? Бигӯ», Гуфт: «Не, эй хушҷавоби хубрӯ!» Гуфт: «Кулли умрат, эй наҳвӣ фаност, З-он ки киштӣ ғарқи ин гирдобҳост». Маҳв мебояд, на наҳв ин ҷо, бидон, Гар ту маҳвӣ, бехатар дар об рон. Оби дарё мурдаро бар сар ниҳад В-ар бувад зинда, зи дарё кай раҳад? Чун бимурдӣ ту зи авсофи башар, Баҳри асрорат ниҳад бар фарқи сар. Эй ки халқонро ту хар мехондаӣ! Ин замон чун хар бар ин ях мондаӣ. Гар ту алломай замонӣ дар ҷаҳон, Нак фанои ин ҷаҳон бин в-ин замон. Марди наҳвиро аз он дардӯхтем, То шуморо наҳви маҳв омӯхтем. Фиқҳи фиқҳу наҳви наҳву сарфи сарф Дар камомад ёбӣ, эй ёри шигарф. Он сабӯи об донишҳои мост В-ин халифа Даҷлаи илми Худост. Мо сабӯҳо пур ба Даҷла мебарем, Гар на хар донем худро, мо харем. Бори аъробӣ бад-он маъзур буд, К-ӯ зи Даҷла ғофилу бас дур буд. Гар зи Даҷла бохабар будӣ чу мо, ӯ набурдӣ он сабӯро ҷо ба ҷо. Балки аз Даҷла чу воқиф омадӣ, Он сабӯро бар сари санге задӣ.
Саҳифаи 138/173 |