|
Васият кардани расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам мар Алиро каррамаллоҳу ваҷҳаҳу, ки чун ҳар касе ба навъи тоате тақарруб ҷӯяд ба Ҳақ, ту тақарруб ҷӯй ба сӯҳбати оқил ва бандаи хос, то аз ҳама пешқадамтар бошӣГуфт пайғамбар Алиро, к-эй Алӣ, Шери Ҳаққӣ, паҳлавони пурдилӣ. Лек бар шерӣ макун ҳам эътимед, Андаро дар сояи нахли умед. Андаро дар сояи он оқиле, К-иш надонад бурд аз раҳ ноқиле. Зилли ӯ андар замин чун кӯҳи Қоф, Рӯҳи ӯ симурғи бас олитавоф. Гар бигӯям то қиёмат наъти ӯ, Ҳеч онро мақтаъу ғоят маҷӯ. Дар башар рӯпӯш кардаст офтоб, Фаҳм кун, «валлоҳу аълам би-с-савоб». Ё Алӣ, аз ҷумлаи тоъоти роҳ Баргузин ту сояи хоси Илоҳ. Ҳар касе дар тоъате бигрехтанд, Хештанро махласе ангехтанд. Ту бирав, дар сояи оқил гурез, То раҳӣ з-он душмани пинҳонситез. Аз ҳама тоъот инат беҳтар аст, Сабқ ёбӣ бар ҳар он собиқ, ки ҳаст. Чун гирифтат пир, ҳин, таслим шав, Ҳамчу Мӯсо зери ҳукми Хизр рав. Сабр кун бар кори Хизре бенифоқ, То нагӯяд Хизр: «Рав, ҳозо фироқ». Гарчи киштӣ бишканад, ту дам мазан, Гарчи тифлеро кушад, ту мӯ макан. Дасти ӯро Ҳақ чу дасти хеш хонд, То «ядуллаҳ фавқа айдиҳим» биронд. Дасти Ҳақ миронадаш, зинда-ш кунад, Зинда чӣ бвад? Ҷони поянда-ш кунад. Ҳар кӣ танҳо, нодиро, ин раҳ бурид, Ҳам ба авни ҳиммати пирон расид. Дасти пир аз ғоибон кӯтоҳ нест, Даст ӯ ҷуз қабзаи Аллоҳ нест. Ғоибонро чун чунин хилъат диҳанд, Ҳозирон аз ғолибон лошак беҳанд. Ғоибонро чун навола медиҳанд, Пеши меҳмон то чӣ неъматҳо ниҳанд. Ку касе, к-ӯ пеши шаҳ бандад камар, То касе, к-ӯ ҳаст берунсӯйи дар? Чун гузидӣ пир, нозукдил мабош, Сусту резида чу обу гил мабош. В-ар ба ҳар захме ту пуркина шавӣ, Пас куҷо бесайқал ойина шавӣ?
Саҳифаи 141/173 |