|
Имтиҳон кардани шер гургро ва гуфтан, ки пеш ой, эй гург, бахш кун сайдҳоро миёни моГуфт шер: «Эй гург, инро бахш кун, Маъдилатро нав кун, эй гурги куҳун! Ноиби ман бош дар қисматгарӣ, То падид ояд, ки ту чӣ гавҳарӣ? Гуфт: «Эй шаҳ, гови ваҳшӣ бахши туст, Он бузургу ту бузургу зафту чуст. Буз маро, ки буз миёнасту васат, Рӯбаҳо, харгӯш бистон беғалат». Шер гуфт: «Эй гург, чун гуфтӣ? Бигӯ: Чунки ман бошам, ту гӯйӣ мову ту? Гург худ чӣ саг бувад, ки хеш дид, Пеши чун ман, шери бемислу надид?» Гуфт: «Пеш о, эй харе, к-ӯ худ харид». Пеш омад, панҷа зад, ӯро дарид. Чун надидаш мағзу тадбири рашид, Дар сиёсат пӯсташ аз сар кашид. Гуфт: «Чун диди манат аз худ набурд, Инчунин ҷонро бибояд зор мурд. Чун набудӣ фонӣ андар пеши ман, Фазл омад мар туро гардан задан». «Куллу шайъин ҳоликун» ҷуз ваҷҳи ӯ, Чун найӣ дар ваҷҳи ӯ, ҳастӣ маҷӯ. Ҳар кӣ андар ваҷҳи мо бошад фано, «Куллу шайъин ҳоликун» набвад ҷазо. З-он ки дар «илло»-ст ӯ, аз «ло» гузашт, Ҳар кӣ дар «илло»-ст, ӯ фонӣ нагашт. Ҳар кӣ бар дар ӯ ману мо мезанад, Радди боб аст ӯву бар «ло» метанад.
Саҳифаи 144/173 |