|
Адаб кардани шер гургро, ки дар қисмат беадабӣ карда будГургро барканд сар он сарфароз, То намонад дусариву имтиёз. «Фантақамно минҳум» аст, эй гурги пир, Чун набудӣ мурда дар пеши амир. Баъд аз он рӯ шер бо рӯбоҳ кард, Гуфт: «Инро бахш кун аз баҳри х(в)ард». Саҷда карду гуфт, к-ин гови самин Чоштхурдат бошад, эй шоҳи гузин. В-он буз аз баҳри миёни рӯзро Яхние бошад шаҳи пирӯзро. В-он дигар харгӯш баҳри шом ҳам, Шабчарай ин шоҳи болутфу карам». Гуфт: «Эй рӯбаҳ, ту адл афрӯхтӣ, Инчунин қисмат зи кӣ омӯхтӣ? Аз куҷо омӯхтӣ ин, эй бузург?» Гуфт: «Эй шоҳи ҷаҳон, аз ҳоли гург». Гуфт: «Чун дар ишқи мо гаштӣ гарав, Ҳар серо баргиру бистону бирав. Рӯбаҳо, чун ҷумлагӣ моро шудӣ, Чунат озорем? Чун ту мо шудӣ. Мо турову ҷумла ишкорон туро, Пой бар гардуни ҳафтум неҳ, баро. Чун гирифтӣ ибрат аз гурги данӣ, Пас ту рӯбаҳ нестӣ, шери манӣ. Оқил он бошад, ки гирад ибрат аз Марги ёрон дар балои мӯҳтараз». Рӯбаҳ он дам бар забон сад шукр ронд, Ки маро шер, аз пайи он гург хонд. Гар маро аввал бифармудӣ, ки ту, Бахш кун инро, кӣ бурдӣ ҷон аз ӯ? Пас сипос ӯро, ки моро дар ҷаҳон, Кард пайдо аз паси пешиниён. То шунидем он сиёсатҳои Ҳақ, Бар қуруни мозия, андар сабақ. То ки мо аз ҳоли он гургони пеш, Ҳамчу рӯбаҳ поси худ дорем беш. Уммати марҳума з-ин рӯ хондамон, Он расули Ҳаққу содиқ дар баён. Устухону пашми он гургон аён Бингареду панд гиред, эй меҳон. Оқил аз сар бинҳад ин ҳастиву бод, Чун шунид анҷоми Фиръавнону Од. В-ар бинанҳад дигарон аз ҳоли ӯ, Ибрате гиранд аз излоли ӯ.
Саҳифаи 146/173 |