|
Нишондани подшоҳон сӯфиёни орифро пеши рӯйи хеш, то чашмашон бад-эшон равшан шавадПодшоҳонро чунон одат бувад, Ин шунида бошӣ, ар ёдат бувад: Дасти чапшон паҳлавонон истанд, З-он ки дил паҳлӯйи чап бошад ба банд. Мушрифу аҳли қалам бар дасти рост, З-он ки илми хатту сабт он дастрост. Сӯфиёнро пеши рӯ мавзеъ диҳанд, К-ойинай ҷонанду з-ойина беҳанд. Сина сайқалҳо зада дар зикру фикр, То пазирад ойинай дил нақши бикр. Ҳар кӣ ӯ аз сулби фитрат хуб зод, Ойина дар пеши ӯ бояд ниҳод. Ошиқи ойина бошад рӯйи хуб, Сайқали ҷон омаду «тақва-л-қулуб».
Саҳифаи 148/173 |