 |
Эътимод кардани Ҳорут ва Морут бар исмати хеш ва амирии аҳли дунё хостан ва дар фитна афтоданҲамчу Ҳоруту чу Морути шаҳир Аз батар хӯрданд заҳролуд тир. Эътимоде будашон бар қудси хеш, Чист бар шер эътимоди говмеш? Гарчи ӯ бо шох сад чора кунад, Шох-шохаш шери нар пора кунад. Гар шавад пуршох ҳамчун хорпушт, Шер хоҳад говро ночор кушт. Гарчи сарсар бас дарахтон меканад, Бо гиёҳи тар вай эҳсон мекунад. Бар заъифии гиёҳ он боди тунд Раҳм кард, эй дил, ту аз қувват малунд. Тешаро з-анбӯҳии шохи дарахт, Кай ҳарос ояд? Бибуррад лахт-лахт. Лек бар барге накӯбад хешро, Ҷуз ки бар неше накӯбад нешро. Шӯъларо з-анбӯҳии ҳезум чӣ ғам? Кай рамад қассоб аз хайли ғанам? Пеши маънӣ чист сурат? Бас забун, Чархро маъниш медорад нигун. Ту қиёс аз чархи дулобӣ бигир, Гардишаш аз кист? Аз ақли мушир. Гардиши ин қолаби ҳамчун сипар Ҳаст аз рӯҳи мусаттар, эй писар! Гардиши ин бод аз маънии ӯст, Ҳамчу чархе, к-он асири оби ҷӯст. Ҷарру мадду дахлу харҷи ин нафас Аз кӣ бошад ҷуз зи ҷони пурҳавас? Гоҳ «ҷим»-аш мекунад, гаҳ «ҳо»-ву «дол», Гоҳ сулҳаш мекунад, гоҳе ҷидол. Гаҳ яминаш мебарад, гоҳе ясор, Гаҳ гулистонаш кунад, гоҳеш хор. Ҳамчунин ин бодро Яздони мо Карда буд бар Од ҳамчун аждаҳо. Боз ҳам он бодро бар мӯъминон Карда буд сулҳу мурооту амон, Гуфт: «Ал-маънӣ ҳуваллаҳ» шайхи дин, Баҳри маъниҳои раббулоламин. Ҷумла атбоқи замину осмон Ҳамчу хошоке дар он баҳри равон. Ҳамлаҳову рақси хошок андар об, Ҳам зи об омад ба вақти изтироб. Чунки сокин хоҳадаш кард аз миро, Сӯйи соҳил афганад хошокро. Чун кашад аз соҳилаш дар мавҷгоҳ, Он кунад бо ӯ, ки оташ бо гиёҳ. Ин ҳадис охир надорад бозрон, Ҷониби Ҳоруту Морут, эй ҷавон!
Саҳифаи 153/173 |