|
Боқиии қиссаи Ҳоруту Морут ва наколу уқубати эшон ҳам дар дунё ба чоҳи БобилЧун гуноҳу фисқи халқони ҷаҳон Мешудӣ бар ҳар ду равшан он замон. Даст хойидан гирифтандӣ зи хашм, Лек айби худ надидандӣ ба чашм. Хеш дар ойина дид он зиштмард, Рӯ бигардонид аз ону хашм кард. Хешбин чун аз касе ҷурме бидид, Оташе дар вай зи дӯзах шуд падид. Ҳамяти дин хонад ӯ он кибрро, Нангарад дар хеш нафси габрро. Ҳамяти динро нишони дигар аст, Ки аз он оташ ҷаҳоне ахзар аст. Гуфт Ҳақшон: «Гар шумо равшангаред, Дар сияҳкорони муғфал мангаред. Шукр гӯед, эй сипоҳу чокарон, Растаед аз шаҳвату аз чоки рон. Гар аз он маънӣ ниҳам ман бар шумо, Мар шуморо беш напзирад само. Исмате, ки мар шуморо дар тан аст, Он зи акси исмату ҳифзи ман аст. Он зи ман бинед, на-з худ ҳину ҳин! То начарбад бар шумо деви лаъин». Ончунон ки котиби ваҳйи расул Дид ҳикмат дар худу нури усул, Хешро ҳамсавти мурғони Худо Мешумурд, он буд сафире чун садо. Лаҳни мурғонро агар восиф шавӣ, Бар муроди мурғ кай воқиф шавӣ? Гар биёмӯзӣ сафири булбуле, Ту чӣ донӣ, к-ӯ чӣ дорад бо гуле? В-ар бидонӣ, бошад он ҳам аз гумон, Чун зи лаб ҷунбон гумонҳои карон.
Саҳифаи 154/173 |