|
Муттаҳам кардани ғуломону хоҷатошон мар Луқмонро, ки он меваҳои тарванда, ки меовардем, ӯ хӯрдаастБуд Луқмон пеши хоҷай хештан, Дар миёни бандагонаш хортан. Мефиристод ӯ ғуломонро ба боғ, То ки мева оядаш баҳри фароғ. Буд Луқмон дар ғуломон чун туфайл, Пурмаъонӣ, тирасурат, ҳамчу лайл. Он ғуломон меваҳои ҷамъро Хуш бихӯрданд аз наҳиби тамъро. Хоҷаро гуфтанд: «Луқмон хӯрд он», Хоҷа бар Луқмон туруш гашту гарон. Чун тафаҳҳус кард Луқмон аз сабаб, Дар итоби хоҷааш, бигшод лаб: Гуфт Луқмон: «Саййдо, пеши Худо Бандаи хоин набошад муртазо. Имтиҳон кун ҷумламонро, эй карим, Серамон дардеҳ ту аз оби ҳамим. Баъд аз он моро ба саҳрое калон, Ту савора, мо пиёда медавон. Онгаҳон бингар ту бадкирдорро, Сунъҳои кошифуласрорро». Гашт соқӣ хоҷа аз оби ҳамим Мар ғуломонрову хӯрданд он зи бим. Баъд аз он мерондашон дар даштҳо, Медавиданд он нуфар таҳту уло. Қай дарафтоданд эшон аз ано, Об меовард з-эшон меваҳо. Чунки Луқмонро даромад қай зи ноф, Мебаромад аз дарунаш оби соф. Ҳикмати Луқмон чу донад ин намуд, Пас чӣ бошад ҳикмати раббулвуҷуд? «Явма тубло ва-с-сароир куллуҳо, Бона минкум коминун ло юштаҳо». Чун «суқу моъун ҳамиман, қуттиат, Ҷумлату-л-астори, миммо уфзиат». Нор з-он омад азоби кофирон, Ки ҳаҷарро нор бошад имтиҳон. Он дили чун сангро мо чанд-чанд, Нарм гуфтему намепазруфт панд. Реши бадро доруи бад ёфт раг, Мар сари харро сари дандони саг. «Ал-хабисот ал-хабисин», ҳикмат аст, Зиштро ҳам зишт ҷуфту бобат аст. Пас, ту ҳар ҷуфте, ки мехоҳӣ, бирав, Маҳву ҳамшаклу сифоти ӯ бишав. Нур хоҳӣ, мустаъидди нур шав, Дур хоҳӣ, хеш бину дур шав. В-ар раҳе хоҳӣ аз ин сиҷни хариб, Сар макаш аз дӯст «в-асҷуд в-ақтариб».
Саҳифаи 160/173 |