|
|
|
|
Тарҷеҳ ниҳодани нахҷирон таваккулро ба иҷтиҳодҚавм гуфтандаш ки касб, аз заъфи халқ, Луқмаи тазвир дон бар қадри ҳалқ. Нест касбе аз таваккул хубтар, Чист аз таслим худ маҳбубтар? Бас гурезанд аз бало сӯйи бало, Бас ҷаҳанд аз мор сӯйи аждаҳо. Ҳила кард инсону ҳила-ш дом буд, Он кӣ ҷон пиндошт, хуношом буд. Дар бибасту душман андар хона буд, Ҳилаи Фиръавн з-ин афсона буд. Садҳазорон тифл кушт он кинакаш В-он ки ӯ меҷуст андар хонааш. Дидаи мо чун басе иллат дар ӯст, Рав, фано кун диди худ дар диди дӯст. Диди моро диди ӯ ниъм-ал-иваз, Ёбӣ андар диди ӯ кулли ғараз. Тифл то гирову то пӯё набуд, Маркабаш ҷуз гардани бобо набуд. Чун фузуле гашту дасту по намуд, Дар ано афтоду дар кӯру кабуд. Ҷонҳои халқ пеш аз дасту по, Мепариданд аз вафо андар сафо. Чун ба амри «иҳбиту» бандӣ шуданд, Ҳабси хашму ҳирсу хурсандӣ шуданд. Мо иёли ҳазратему шерхоҳ, Гуфт: «Ал-халқу иёлун ли-л-илоҳ». Он кӣ ӯ аз осмон борон диҳад, Ҳам тавонад, к-ӯ зи раҳмат нон диҳад.
47/173 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|