|
Муқаррар шудани тарҷеҳи ҷаҳд бар таваккулЗ-ин намат бисёр бурҳон гуфт шер, К-аз ҷавоб он ҷабриён гаштанд сер. Рӯбаҳу оҳуву харгӯшу шағол Ҷабрро бигзоштанду қилу қол. Аҳдҳо карданд бо шери жаён, К-андар ин байъат наяфтад - дар зиён. Қисми ҳаррӯзаш биёбад беҷигар, Ҳоҷаташ набвад тақозои дигар. Қуръа бар ҳар кӣ фитодӣ рӯз-рӯз, Сӯйи он шер ӯ давидӣ ҳамчу юз. Чун ба харгӯш омад ин соғар ба давр, Бонг зад харгӯш, к-охир чанд ҷавр?
Саҳифаи 52/173 |