 |
Ҷавоби харгӯш нахҷиронроГуфт: «Эй ёрон, ҳақам илҳом дод, Мар заиферо қавӣ ройе фитод. Он чӣ Ҳақ омӯхт мар занбӯрро, Он набошад шеррову гӯрро. Хонаҳо созад пур аз ҳалвои тар, Ҳақ бар ӯ он илмро бигшод дар. Он чӣ Ҳақ омӯхт кирми пиларо, Ҳеҷ пиле донад он гун ҳиларо? Одами хокӣ зи Ҳақ омӯхт илм, То ба ҳафтум осмон афрӯхт илм. Ному номуси малакро даршикаст, Кӯрии он кас, ки дар Ҳақ, дар шак аст, Зоҳиди шашсадҳазоронсоларо, Пӯзбанде сохт он гӯсоларо. То натонад шири илми дин кашид, То нагардад гирди он қасри машид. Илмҳои аҳли ҳис шуд пӯзбанд, То нагирад шир аз он илми баланд. Қатраи дилро яке гавҳар фитод, К-он ба дарёҳову гардунҳо надод. Чанд сурат охир, эй суратпараст! Ҷони бемаънит аз сурат нараст? Гар ба сурат одамӣ инсон будӣ, Аҳмаду Бӯҷаҳл худ яксон будӣ. Нақш бар девор мисли Одам аст, Бингар, аз сурат чӣ чизи ӯ кам аст? Ҷон кам аст он сурати ботобро, Рав, биҷӯ он гавҳари камёбро. Шуд сари шерони олам ҷумла паст, Чун саги асҳобро доданд даст. Чӣ зиён асташ аз он нақши нуфур? Чунки ҷонаш ғарқ шуд дар баҳри нур. Васфу сурат нест андар хомаҳо, Олиму одил бувад дар номаҳо. Олиму одил, ҳама маънист бас, К-иш наёбӣ дар макону пешу пас. Мезанад бар тан зи сӯйи ломакон, Менагунҷад дар фалак хуршеди ҷон.
Саҳифаи 56/173 |