|
Зикри дониши харгӯш ва баёни фазилату манофеъи донистанИн сухан поён надорад, ҳуш дор, Ҳуш сӯйи қиссаи харгӯш дор. Гӯши хар бифрӯшу дигар гӯш хар, К-ин суханро дарнаёбад гӯши хар. Рав, ту рӯбаҳбозии харгӯш бин, Макру шерандозии харгӯш бин. Хотами мулки Сулаймон аст илм, Ҷумла олам сурату ҷон аст илм. Одамиро з-ин ҳунар бечора гашт Халқи дарёҳову халқи кӯҳу дашт. З-ӯ палангу шер тарсон ҳамчу муш, З-ӯ наҳангу баҳр дар сафрову ҷӯш. З-ӯ париву дев соҳилҳо гирифт, Ҳар яке дар ҷойи пинҳон ҷо гирифт. Одамиро душмани пинҳон басест, Одамии боҳазар оқил касест. Халқ пинҳон зишташону хубашон, Мезанад дар дил ба ҳар дам кӯбашон. Баҳри ғусл ар дарравӣ дар ҷӯйбор, Бар ту осебе занад дар обхор. Гарчи пинҳон хор дар об аст паст, Чунки дар ту мехалад, донӣ, ки ҳаст. Хорхори ваҳйҳову васваса, Аз ҳазорон кас бувад, на як каса. Бош, то ҳисҳои ту мубдал шавад, То бибинишону мушкил ҳал шавад. То суханҳои киён рад кардаӣ? То киёнро сарвари х(в)ад кардаӣ?
Саҳифаи 57/173 |