 |
Бозталабидани нахҷирон аз харгӯш сирри андешаи ӯроБаъд аз он гуфтанд, к-эй харгӯш, чуст, Дар миён ор, он чӣ дар идроки туст. Эй ки бо шере ту дарпечидаӣ, Бозгӯ ройе, ки андешидаӣ. Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад, Ақлҳо мар ақлро ёрӣ диҳад. Гуфт пайғамбар: «Бикун, эй ройзан! Машварат, калмусташору мӯътаман».
Саҳифаи 58/173 |