 |
Манъ кардани харгӯш он рози эшонроГуфт: «Ҳар розе нашояд бозгуфт, Ҷуфт тоқ ояд гаҳе, гаҳ тоқ ҷуфт. Аз сафо гар дам занӣ бо ойина, Тира гардад зуд бо мо ойина. Дар баёни ин се кам ҷунбон лабат, Аз заҳобу аз заҳаб в-аз мазҳабат. К-ин серо хасм аст бисёру адӯ, Дар каминат истад, чун донад ӯ. В-ар бигӯйӣ бо яке ду алвадоъ, «Куллу сиррин ҷоваза-л-иснайни шоъ». Гар ду-се паррандаро бандӣ ба ҳам, Бар замин монанд маҳбус аз алам. Машварат доранд сарпӯшида хуб, Дар киноят бо ғалатафган машуб. Машварат кардӣ паямбар баста сар, Гуфта эшонаш ҷавобу бехабар. Дар мисоле баста гуфтӣ ройро, То надонад хасм аз сар пойро. ӯ ҷавоби хеш бигрифтӣ аз ӯ В-аз суолаш менабурдӣ ғайр бӯ.
Саҳифаи 59/173 |