 |
Зиёфати таъвили ракики магасОн магас бар барги коҳу бавли хар Ҳамчу киштибон ҳамеафрошт сар. Гуфт: «Ман дарёву киштӣ хондаам, Муддате дар фикри он мемондаам. Инак, ин дарёву ин киштиву ман, Марди киштибону аҳли ройзан. Бар сари дарё ҳамеронд ӯ амад, Менамудаш он қадар берун зи ҳад. Буд беҳад он чамин, нисбат бад-ӯ, Он назар, ки бинад онро рост, ку? Оламаш чандон бувад, к-аш биниш аст, Чашм чандин, баҳр ҳам чандинаш аст. Соҳиби таъвили ботил чун магас, Ваҳми ӯ бавли хару тасвири хас. Гар магас таъвил бигзорад ба рой, Он магасро бахт гардонад ҳумой. Он магас набвад, к-аш ин ибрат бувад, Рӯҳи ӯ на дархури сурат бувад.
Саҳифаи 61/173 |