 |
Тӯлидани шер аз дер омадани харгӯшҲамчу он харгӯш, к-ӯ бар шер зад, Рӯҳи ӯ, кай буд андар хурди қад? Шер мегуфт аз сари тезиву хашм, К-аз раҳи гӯшам адӯ барбаст чашм. Макрҳои ҷабриёнам баста кард, Теғи чӯбиншон танамро хаста кард. З-ин сипас ман нашнавам он дамдама, Бонги девон асту ғулон он ҳама. Бардарон, эй дил, ту эшонро, маист, Пӯстшон баркан, к-ишон ҷуз пӯст нест. Пӯст чӣ бвад? Гуфтаҳои ранг-ранг, Чун зиреҳ бар об, к-аш набвад диранг. Ин сухан чун пӯсту маънӣ мағз дон, Ин сухан чун нақшу маънӣ ҳамчу ҷон. Пӯст бошад мағзи бадро айбпӯш, Мағзи некӯро зи ғайрат ғайбпӯш. Чун қалам аз об буд, дафтар зи об, Ҳар чӣ бинвисӣ, фано гардад шитоб. Нақши об аст, ар вафо ҷӯйӣ аз он, Бозгардӣ дастҳои худ газон. Бод дар мардум ҳавову орзуст, Чун ҳаво бигзоштӣ, пайғом ҳуст. Хуш бувад пайғомҳои кирдгор, К-ӯ зи сар то пой бошад пойдор. Хутбаи шоҳон бигардад в-он киё Ҷуз киёву хутбаҳои анбиё. З-он ки бавши подшоҳон аз ҳавост, Борномай анбиё аз кибриёст. Аз дирамҳо номи шоҳон баркананд, Номи Аҳмад то абад бармезананд. Номи Аҳмад номи ҷумлай анбиёст, Чунки сад омад, навад ҳам пеши мост.
Саҳифаи 62/173 |