 |
Ҷавоб гуфтани шер харгӯшро ва равон шудан бо ӯГуфт: «Бисмиллаҳ, биё, то ӯ куҷост? Пеш даршав, гар ҳамегӯйӣ ту рост. То сазои ӯву сад чун ӯ диҳам В-ар дурӯғ аст ин, сазои ту диҳам». Андар омад чун қаловузе ба пеш, То барад ӯро ба сӯйи доми хеш. Сӯйи чоҳе, ки нишонаш карда буд, Чоҳи мағро доми ҷонаш карда буд. Мешуданд ин ҳар ду то наздики чоҳ, Ин-т харгӯше чу обе зери коҳ. Об коҳеро ба ҳомун мебарад, Об кӯҳеро – аҷаб! – Чун мебарад? Доми макри ӯ каманди шер буд, Турфа харгӯше, ки шере мерабуд. Мӯсие Фиръавнро бо рӯди Нил Мекушад бо лашкару ҷамъи сақил. Пашшае Намрудро бо ним пар Мешикофад бемуҳобо дарзи сар. Ҳоли он к-ӯ қавли душманро шунуд, Бин ҷазои он ки шуд ёри ҳасуд. Ҳоли Фиръавне, ки Ҳомонро шунуд, Ҳоли Намруде, ки шайтонро шунуд. Душман арчи дӯстона гӯядат, Дом дон, гарчи зи дона гӯядат. Гар туро қанде диҳад, он заҳр дон, Гар ба тан лутфе кунад, он қаҳр дон. Чун қазо ояд, набинӣ ғайри пӯст, Душманонро бознашносӣ зи дӯст. Чун чунин шуд, ибтиҳол оғоз кун, Нолаву тасбеҳу рӯза соз кун. Нола мекун, к-эй ту «аллому-л-ғуюб», Зери санги макри бад моро макӯб. Гар сагӣ кардем, эй шер, офарин! Шерро магмор бар мо з-ин камин. Оби хушро сурати оташ мадеҳ, Андар оташ сурати обе манеҳ. Аз шароби қаҳр чун мастӣ диҳӣ, Нестҳоро сурати ҳастӣ диҳӣ. Чист мастӣ? Банди чашм аз диди чашм, То намояд санг гавҳар, пашм яшм. Чист мастӣ? Ҳиссҳо мубдал шудан, Чӯби газ андар назар сандал шудан.
Саҳифаи 66/173 |